Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории минбаъда дар доираи барномаи ҳамкории Бонки исломии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябр дар Душанбе зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории минбаъда дар доираи барномаи ҳамкории Бонки исломии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябр дар Душанбе зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо ҳайати намояндагони Бонки исломии рушд таҳти роҳбарии сарвари Дафтари минтақавии бонк Ҳаммад Зафар Ҳундал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ шуда, ба корҳои анҷомдода, дастовардҳо ва таъсири онҳо ба раванди омодасозии кадрҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар баробари ин, ба масъалаи рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва амалӣ намудани усулҳои муосири таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва рушди босуръати технологияҳо омодасозии кадрҳои соҳибкасб бояд ба талаботи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ мутобиқ карда шавад.
Мусоҳибон оид ба самтҳои эҳтимолии ҳамкории оянда, аз ҷумла дастгирии ташаббусҳои нав дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамсуҳбатон барои идомаи ҳамкории судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди таҳсилоти касбӣ ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон