ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, якшанбе, 319-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

15 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар намуданд.

***

15 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил», коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарории «Маҳина» ва дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷсохтмон», Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шишакор», Маркази тибби байналмилалии «Мармед», коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча» ва Маркази ташхису табобатии «Аксон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

15 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Ҳамзамон аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд

15 НОЯБР :

Рӯзи ҷаҳонии коркарди дубораи партовҳо

***

Рӯзи умумирусиягии даъватшавандагон.

***

Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

15 ноябри соли 1934 дар шаҳри Душанбе корхонаи мошинтаъмиркунӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

15 ноябри соли 1946 матн ва оҳанги Суруди миллии қаблии Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1972 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

15 ноябри соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 хонандагони навраси вилояти Суғд дар озмуни ​ ҷаҳонии «Робототехника» иштирок намуда, дар бахши «Стратегия» ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1926 дар Ню-Йорк ширкати Эн-Би-Си пахши барномаҳояшро оғоз намуд.

***

Соли 1837 дар Англия аввалин китоби дарсии стенография (усули тез навиштани нутқ бо аломатҳои махсус) ба нашр расид.

***

Соли 1956 дар Миср қувваҳои ҳарбии Созмони Милали Муттаҳид фуруд омаданд.

***

Соли 1968 Конститутсияи нави Юнон ба амал баромад, ки озодии шахсро маҳдуд мекард.

***

Соли 1993 дар Қазоқистон асъори миллии тенге ба муомилот бароварда шуд.

***

Соли 1995 дар Тайланд дарозтарин парчам дар ҷаҳон омода гардид, ки қариб 8 километр дарозӣ дошт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Холаҳмад Маҷидов-соли 1948– сархормейcтери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997).

Источник: АМИТ "Ховар"