Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

АМИТ "Ховар" ·

Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"