Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.
Аз рӯйи натиҷаи нишаст лоиҳаи санадҳое, ки муҳтавои онҳо фарогири масъалаҳои таҳкими баъдии амният ва пешгирӣ аз таҳдидҳои фаромарзӣ аст, мувофиқа карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон