Нахустнамоиши филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон – «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон – «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Нахустнамоиши филм дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» ва бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба  навор гирифта  шуд. Филми ҳунарӣ солҳои 2024 – 2025 рӯйи навор омадааст.

Ба таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду мамлакат ҷалб гардид. Онҳо дар якчанд вохӯрӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ намуданд.

Ин асар саҳифаҳои дурахшони таърихи муштараки мардумони тоҷику узбекро инъикос менамояд. Инчунин нақши ин ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ бо забони синамо ба риштаи тасвир мекашад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"