ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

АМИТ "Ховар" ·

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти…

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ соҳибихтиёрию озодии комили миллат, заминаи воқеии бунёди давлатдорӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва муяссар шудан ба

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқ лоли давлат ӣ со ҳ ибихтиёр ию озод ии комили миллат, заминаи воқ еии бунёди давлатдор ӣ, ҳ ифзу э ҳ ёи арзиш ҳ о ва анъана ҳ ои милл ӣ, рушди и қ тисодиву и ҷ тимо ӣ, та ҳ кими худшиносиву худого ҳӣ ва муяссар шудан ба пешрафти босуботи ҷ омеа мебошад . Мардуми То ҷ икистон бо ба ҳ раёбӣ аз оғ ози марҳ илаи нави давлатсоз ӣ ва э ҳ ёи арзиш ҳ ои милл ӣ , таҳ кими поя ҳ ои давлатдории милл ӣ, сул ҳ у субот , рушди и қ тисодиву и ҷ тимо ӣ, э ҳ ёи фар ҳ ангу ҳ унар , ҳ ифзи мероси таърихиву фар ҳ анг ӣ ва муаррифии шоистаи к ишвари маҳ бубамон дар арсаи байналмилал ӣ гом ҳ ои устувортаре мени ҳ анд .

— Барои ҷомеаи Тоҷикистон марҳилаи тозае оғоз мешавад. Акнун ба бунёди ҷомеаи мутараққӣ, ки ба фановарӣ ва саноати пешрафта асос меёбад, қадам мениҳад. Дар баробари таҳкими бомароми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин ҳадаф дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2026 инъикос шудааст.

Моҳиятан фармони мазкур ҳамчун санади арзишманди таърихӣ на танҳо муҳлати таҷлил аз 40-солагии Истиқлоли давлатиро муайян менамояд, балки дастур ба бунёди заминаҳои ташаккули руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва сафарбарии имконияти ҷомеа барои пешрафти минбаъдаи кишвар арзёбӣ мегардад. Дастуру раҳнамо боз аз он ҷиҳат аст, ки механизми амалӣ намудани вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегиро барои солҳои оянда муқаррар мекунад.

Бо назардошти он ки солҳои муқарраршуда на танҳо давраи омодагӣ ба як ҷашни муҳимми миллӣ, балки давраи нави идомаи корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳифзу густариши дастовардҳои даврони истиқлол, рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, густариши илму маориф, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Аз тарафи дигар, мувофиқи анъанаҳои куҳани ниёкон 40 шумораи муқаддас, гардиши бузург ва камолот аст, ки саодату хушрӯзгории шоистаро таъмин хоҳад кард.

Давлати ҷавони тоҷикон дар таҷлили ҷашнҳои бошукуҳ таҷриба дорад. Чуноне ки барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 19 декабри соли 2017 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 7 январи соли 2022 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буданд. Қабули фармонҳои мазкур барои ободӣ ва пешрафти кишвар замина гузоштанд. Дар муҳлатҳои муқарраршуда садҳо иқдому ташаббусҳои созанда амалӣ гардиданд. Махсусан, то ин муддат самара ва натиҷаи тадбирҳо дар доираи фармонҳои мазкур дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонии кишвар ҳамаҷониба инъикос гардида, мардуми мамлакат ба мақсаду ормонҳои пешбинишуда шарафёбу комёб гардиданд. Маҳз ин таҷрибаи андӯхта барои марҳилаи нави омодагӣ – 40-солагии Истиқлоли давлатӣ заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.

Дар марҳилаи пурмасъулият мардуми шарафманди Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садоқатмандона собит карданд, ки дар эъмори давлати мутамаддину пешрафта такягоҳи асосии давлату Ҳукумат мебошанд ва азми қатъӣ доранд, ки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон Ватани ободу зебо ва пешрафта ба мерос гузоранд.

Аз муҳимтарин идеяе, ки дар ҷодаи омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузида мешавад – масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Аз анъанаҳои куҳани мардуми тоҷик будааст, ки ҳар насл дар назди ворисон масъулияти муҳим дорад. Ин талабот аз мазмуни дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бармеояд, ки дар асоси он насли имрӯза худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор мешуморад. Агар насли имрӯза аз истиқлол ҳамчун дастоварди таърихӣ истифода барад, вазифаи муҳимаш истиқлолро бо давлати пешрафта, иқтисоди устувори миллӣ, рушди илм, фарҳанг ва маънавиёт, ҳифзи табиат ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои наслҳои ояндабояд вогузорад.

Вобаста ба ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат», инчунин тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шуд. Дар ин раванд комёбиҳо намоёнанд. Давоми панҷсоли сипаригардида бо заҳмату талош ва иқдомҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободкорӣ вусъат пайдо намуда, бештар аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон сохта, ба истифода додани беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ аз дастовардҳои ҳамин марҳилаанд.

Бо ин назардошт, самти дигари тавзеҳоти фармони мазкур ба масъалаи бунёду сохтмони объектҳои дорои таъйиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳои фароғатӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва объектҳои саноатию истеҳсолӣ тааллуқ дорад. Таваҷҷуҳ ба ин самт дар воқеъ идомаи мантиқии сиёсати созандагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмуъ, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шуда, ин тадбирҳо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакат идома меёбанд.

Фармон ба ҳолати равонии сокинон неру меафзояд. Зодаи ин Ватан будан масъулияташонро меафзояд. Шубҳае нест, ки дар раванди созандагиву бунёдкорӣ соҳибкорон, шахсони саховатпеша, шаҳрвандон, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа бо руҳияи сазовор саҳми назаррас хоҳанд гирифт. Ва омодагӣ ба 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ташаббуси умумимиллӣ барои идомаи ин раванд пазируфта мешавад. Ин нишона ва аломате хоҳад буд аз ташаккули шуури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ.

Тоҷикистонро насли донишманд, огоҳу ошно бо фанноварӣ дар олам муаррифӣ хоҳад кард. Дар ин радиф, ба ғайр аз бунёди мактабу муассисаҳои томактабӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишию боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамзамон рушди истеҳсолот ва саноат аз рукнҳои асосии истиқлоли иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад.

Истиқлоли сиёсӣ низ дар шароити муосир бе густариши иқтидори иқтисодӣ ва рушди истеҳсолии кишвар наметавонад пурра амалӣ гардад. Бо ин мақсад ташаббусҳои марбут ба рушди саноат, истифодаи технологияҳои муосир, таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ бояд дар меҳвари корҳои панҷсолаи омодагӣ ба ин ҷашн қарор дошта бошанд.

Ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ бе рушди илму маориф, фарҳанг, ахлоқ ва зебоипарастӣ имконнопазир аст. Арзишҳои миллӣ ба ғайр аз нигоҳдорӣ дар осорхонаву марказҳои фарҳангӣ ҳамзамон дар тафаккур, ҷаҳонбинӣ, забон, фарҳанг, ҳунар, муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафтори ҳамарӯзаи шаҳрвандон таҷассум меёбанд, ки хеле муҳимманд.

Маврид ба зикр аст, ки Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои тақвияти дастовардҳои нави соҳа пайваста таъкидҳои судманд менамоянд. Эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамасола баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва ғайра далели возеҳи ҳамин гуфтаҳост.

Ҳадафи чунин ташаббусҳо ташаккули тафаккур ва иқтидори илмӣ, рушди неруи инсонӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Дар ин замина омодагӣ ба 40-солагии истиқлол бояд барои боз ҳам таҳким бахшидани мавқеи илм дар ҷомеа, дастгирии олимони ҷавон, рушди таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва густариши робитаи илм бо истеҳсолот имконияти муносиб фароҳам оварад.

Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат пайдост, ки фарҳанг бо ҳастии миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди фарҳанг, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳо, суннатҳои миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд. Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар муколамаи тамаддунҳо, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии симои воқеии миллати тоҷик дар ҷаҳон мусоидат намояд.

Дар матни тавзеҳот дарҷ гардидааст, ки соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басе муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии истиқлолро бо тантана ҷашн гирифтанд. Чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.

Аз ин рӯ, панҷсолаи оянда ба хотири таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳамчун имконияти наву муносиб ба хотири густариши фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди касбҳои анъанавӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ истифода шавад.

Густариши ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва ҳалли масоили мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ пурра ба сиёсати инсонмеҳваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Дар воқеъ, давоми солҳои сипаришуда масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва тарғиби сулҳу субот ба самтҳои муҳимми дипломатияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Қабули қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», 31 август ҳамчун «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод» идомаи мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон мебошанд.

Дар маҷмуъ, ҳамаи ин ташаббусҳо аз иқдомоти наҷиби Сарвари давлат шаҳодат дода, ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим, таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, таҳаммулгароӣ, инсонмеҳварӣ, густариши муколламаи тамаддунҳо ва ҳамзистии осоишта равона гардидаанд.

Ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки истиқлол барои Тоҷикистон на танҳо имконияти ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки имконияти пешниҳоди идеяҳои созанда барои ҷомеаи башарӣ низ мебошад. Бо ҳамин назардошт, панҷсолаи оянда метавонад барои боз ҳам густариш додани чунин иқдомот ва густариши мақоми байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳхоҳ, ҷонибдори ҳамкорӣ ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар масири таърих тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми бомаърифат, сулҳпарвар, заҳматдӯсту ободкор, давлатсозу тамаддунофар ва худшиносу худогоҳ буданд, ки таъриху фарҳанги бостонии миллат аз он шаҳодат медиҳад. Бинобар ин, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки кору пайкори ниёгони некномро идома дода, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуби хеш саъю талош намояд.

Моҳияти аслии корҳои созандагӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо бояд иқдоми муваққатию мавсимӣ набошанд, балки баръакс ба фарҳанги умумимиллӣ мубаддал шаванд. Ободии хиёбону гузару маҳаллаҳо, озодагии кошона ва покии муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиӣ, дастгирии соҳаҳои маорифу фарҳанг, рушди соҳибкорӣ, меҳнати софдилона ва эҳтирому риояи қонун ҳама унсурҳои ҳамин фарҳанг мебошанд.

Дар зимн, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2026 санади дурнамост. Панҷ соли оянда бояд марҳалаи идомаи корҳои зиннатбахшу содиқона ба нафъи давлату мардум, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, густариши ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳу дӯстӣ бошад.

Дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти ватандӯстӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Зеро Тоҷикистони ободу шукуфое, ки имрӯз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат эҳё гардидааст, мероси гаронбаҳо, боиси ифтихор ва заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда хоҳад буд.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, Ректори Донишгоҳ и миллии То ҷ икистон , узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳ ои ҳ у қ у қ шинос ӣ, профессор

Источник: АМИТ "Ховар"