Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки “вазифаи мо – вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имконоти дипломатияи парламентӣ ба аз байн бурдани монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба густариши робитаҳо байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем”.
Изҳор гардид, ки фаъолияти мо дар Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни давлатҳои аъзо равона гардидааст.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва «Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро дар Душанбе» қабул намуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон