Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генерали Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёддошти тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба, таҳкими робитаҳои ҳуқуқӣ ва муборизаи муштарак бо ҷинояткории муташаккилона ва коррупсия ба имзо расид.
Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум муайян намудани механизмҳо ва шаклҳои муштараки ҳамкорӣ барои истифодаи самараноки иқтидори касбӣ, тахассусӣ ва иттилоотӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи тарафҳо мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо бо назардошти муносибатҳои дӯстона ва ҳавасмандии тарафайн ба самаранокии мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобил барои густариши ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Тибқи муқаррароти лоиҳа, ин ҳамкорӣ, аз ҷумла ба ошкор, ҷустуҷӯ ва муайян намудани сарчашмаи пайдоиши дороиҳо, амалӣ намудани чораҳои амниятии пешакӣ, баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ ба давлат ва мубодилаи иттилоот равона мегардад.
Ҳамчунин тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти прокуратураи ду давлат дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ ва коррупсия аз самтҳои муҳими ҳамкории пешбинишуда ба шумор меравад.
Бо амалишавии ҳадафҳои ин санад мубодилаи таҷриба ва ҳамкории ду давлат бештар мегардад. Ҳамчунин дар доираи он баргузории конфронс ва ҳамоишҳо дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз