Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои калидии оғози марҳилаҳои омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии Британияи Кабир (QAA — Quality Assurance Agency for Higher Education) дар Лондон баррасӣ шуданд. Ин вохӯрӣ дар доираи густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муосири Британия ва Аврупо, инчунин мустаҳкам намудани низоми ташхиси дохилии сифати таҳсилотро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон тарафҳо барои ташкили силсилаи тренингҳо ва даврҳои такмили ихтисос аз ҷониби мутахассисони QAA барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур ба соҳибдиплом гардидани донишҷӯён мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва эътирофи дипломи онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

​ Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳия ва қабули «Харитаи роҳ» (Roadmap) ба хотири амалӣ намудани марҳилаҳои пайдарпайи аккредитатсия ва ташкили вебинарҳои омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"