Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи дуюми тирамоҳ ҳам ба охир мерасад, аммо ҳанӯз ҳам гулҳои рангорангу шукуфони садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои пойтахт — шаҳри Душанберо зебу зиннат мебахшанд. Аз сабаби оне, ки охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг ва башаклдарории он мавсими мувофиқ мебошад, якчанд тавсияи мутахассисонро пешниҳоди хонандагон менамоем.
Мутахассиси соҳа тавсия медиҳад, ки агар мо гули садбарг шинонем, талаботи он ба об ва ғизонокӣ он қадар зиёд нест ва метавонад муҳлати дуру дароз шукуфо бошад. Садбарг хусусияти хос дорад, ки агар решаи онро бо намӣ ва ғизо таъмин намоем, аз аввали баҳор то охирҳои тирамоҳ гулбасар меистад. Аз ин рӯ, сокинон ва масъулини корхонаву идораҳои дахлдорро зарур аст ба парвариши бештари ин гул таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
«Пеш аз омадани хунукиҳо аввал бехи буттаи садбаргро бо хоки мулоим, поруи пӯсида ё коҳ ба баландии 20-30 сантиметр пӯшонед, то реша ва қисми поёнии навдаҳо аз хунукӣ ҳифз карда шавад. Навдаҳои хушки онро буред, аз гулҳои пажмурда тоза намоед, то гул қувваи худро барои ҳосил кардани тухмӣ сарф накунад»,-тавсия медиҳанд мутахассисон.
Дар фасли тирамоҳ гули садбарг ба ғизодиҳии зиёд ва обёрӣ ниёз надорад. Гули садбаргро бо нуриҳои дорои калий ва фосфор таъмин намудан зарур аст. Зеро ин моддаҳо решаро баландқувват карда, гулро ба хунукии зимистон тобовар месозанд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони гулшинос.
Охири фасли тирамоҳ, ки барои қаламча намудани гули садбарг ва башаклдарории он мавсими мувофиқ мебошад, гулпарварон бояд навдаҳои садбаргеро, ки аз қаламча парвариш намудаанд, зиёд кӯтоҳ набуранд. Навдаҳои садбаргеро, ки аз реша парвариш шудааст, бояд бо тартиби дилхоҳ буранд. Башаклдарорӣ барои садбарг хеле муҳим аст, навдаҳои кам дар оянда гулҳо ва шакли гулро хеле хуб менамоянд.
Барои қаламча намудани гули садбарг бояд аз фасли тирамоҳ омодагӣ дид. Инчунин қаламчаи онро дар гармхонаҳо парвариш намуда, сипас ба ҳавои васеъ мекӯчонанд. Гули садбарг хоси шароити офтобӣ ва шамолрас мебошад.
Тибқи тавсияи гулпарварон, барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан зарур аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ амалӣ шуда, бараш бояд як — ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бошад.
Асосан қаламчаро аз гули садбарги кӯҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарӯз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Дар аксарияти хонаҳо ба гули садбарг ҳашароти хурди сафед мечаспанд, қисми поёни баргҳоро назорат бояд кард, чунки ин намуд ҳашарот барги гулро хеле дӯст медорад. Барои нобуд кардани ин намуди ҳашарот собуни сиёҳ ё хокиро майда намуда, дар даруни зарфи шишагин об андохта, омехта менамоем. Баъд ба воситаи омехтаи тайёршуда баргҳои осебдидаро мешӯем. Ҳамин усулро 1 ҳафта давом медиҳем, то ин ки ҳашароти зараррасони баргҳо нест шаванд.
Дар вақти кам шудани хоки гулдон онро бо пору ва хок таъмин мекунем. Пору ба қадкашии растанӣ ва зебоии он мусоидат намуда, ба решаҳояш қувват мабахшад. Ҳангоме ки гули садбарг дар хонаҳоятон гул мекунад, муҳити хонаро бӯйи хуш ва таровату зебоӣ фаро гирифта, табъи шахсро хеле болида мегардонад.
Бояд гуфт, ки аз охири моҳи январ то охири моҳи феврал барои шинонидани гули садбарг аз реша мавсими мувофиқ аст. Инчунин дар вақти харидани гули садбарг аввалан пурсон шавед, ки он бо дарахти хуч пайванд карда шудааст ё не. Агар бо хуч пайванд шуда бошад, решаи он дар замин чуқуртар рафта, аз оби зеризаминӣ худро бо намӣ таъмин менамояд. Ин гуна садбаргҳо ба рӯзҳои тағйирёбии ҳаво мутобиқ буда, ҳамеша гулҳояшон шукуфон мебошад.
Ранги гулҳои садбарг сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ, бунафш ва ғайра мешавад. Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд. Якум — гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 метр шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфташон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 метр қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.
Гули садбарг яке аз зеботарин, машҳуртарин ва маҳбубтарин гулҳо дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Ин гул на танҳо бо ҳусни нотакрор, балки бо бӯи хуш ва рамзи амиқи худ дар фарҳангу адабиёти тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.
Таҳияи Ширинмоҳ ҚОСИМӢ, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз