Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 4 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши муштараки асарҳои эҷодии рассомони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати тасвирии Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: ҳамоҳангии рангҳо дар масири «Роҳи Абрешим»» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, намоиш бо мақсади густариши робитаҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гарид. Ин намоиш барои муаррифии дастовардҳои ҳунарии ду давлат, табодули таҷрибаи касбӣ байни рассомону омӯзгорон ва муҳаққиқон замина фароҳам меорад.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯрахонзода иброз намуд, ки санъати тасвирӣ ҳамчун забони байналмилалии фарҳанг метавонад дар байни халқҳо фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва дӯстиро тақвият бахшад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории муассисаҳои олии таълимии ду давлат дар самти санъат ва дизайн барои муаррифии анъанаҳои миллӣ, шиносоӣ бо равияҳои муосири эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисони ҷавон имконияти нав фароҳам меорад.

Дар намоишгоҳ 30 асари рассомони чинию тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоиши «Тоҷикистон ва Чин: ҳамоҳангии рангҳо дар масири «Роҳи Абрешим»» ифодагари пайванди таърихии ду тамаддун ва идомаи робитаҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистону Чин дар замони муосир мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"