ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд,  гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ омӯхта, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Источник: АМИТ "Ховар"