Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд

АМИТ "Ховар" ·

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини…

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза, ки дар шароити рушди босуръати фанновариҳои рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ мегузарад, рӯйдоди саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пешрафти бесобиқаи фанновариҳо барои густариши арсаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва такмили низоми идоракунии давлатӣ имконоти фаровон фароҳам меоварад.

Гуфта шуд, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои калидии густариши илму технология табдил ёфтааст ва он тарзу усулҳои истеҳсолот, фазои интишор ва дарки иттилоотро тадриҷан дигаргун сохта, уфуқҳои навро барои рушди кишварҳои мо боз менамояд.

Зикр гардид, ки дар айни замон технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин замина имкони истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро боиси нигаронии амиқ мебошад.

Ба таъкиди Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд.

“Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд”, — изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Иброз гардид, ки “Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи масъулона, амн ва мақсадноки зеҳни сунъӣ бар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад”.

Таъкид шуд, ки маҳз дар ҳамин замина, бо ташаббуси кишвари мо тайи ду соли охир Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ин мавзӯъ ду қатънома қабул намуд. Қатъномаи аввал ба мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бахшида шудааст.

Гуфта шуд, ки тибқи муқаррароти он, таъсис ва истифодаи имкониятҳои Маркази зеҳни сунъӣ дар Душанбе ҳамчун платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин ҳамкорӣ метавонад, аз ҷумла омодасозии кадрҳои соҳаи амнияти зеҳни сунъӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба арзёбии хатарҳои марбут ба истифодаи он ва пешгирӣ аз таҳдидҳои кибериро фаро гирад.

Зикр шуд, ки бар асоси қатъномаи дигар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли ҷорӣ 31-уми августро ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, амн ва боэътимод эълон кард.

“Мо ин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди муколамаи байналмилалӣ ва ташаккули равишҳои муштарак дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар асоси усулҳои амният, масъулияти муштарак ва эътимод арзёбӣ менамоем”, — таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвари мо зикр намуданд, ки имрӯз таҳдидҳои технологӣ, пеш аз ҳама, бо терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он пайванди мустақим доранд.

Изҳор гардид, ки муқовимат ба чунин таҳдидҳо, на танҳо тақвияти механизмҳои миллии амнияти киберӣ, балки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубодилаи фаврии иттилоотро низ тақозо менамояд.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар ин ҷода, “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба минбари муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.

“Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин раванд ҷонибдори муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ мебошад”, — изҳор доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ миёни “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” метавонад ба табодули таҷрибаи амалӣ, таҳияи равишҳои муштарак ва тақвияти иқтидори давлатҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои нав мусоидат намояд.

Дар ин замина, зарур шумурда шуд, ки талошҳои муштарак дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба чор самти асосӣ ва ҳадафманд, аз ҷумла ба тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи бехатар ва масъулонаи зеҳни сунъӣ, пешгирӣ аз истифодаи он ба мақсадҳои террористӣ, равона карда шаванд.

Ҳамзамон, густариши ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои махсус ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омодасозии мутахассисон, баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон ва пешгирӣ аз паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ амри муҳим дониста шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки роҳандозии ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии амалҳои муштарак дар муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мусоидат хоҳад кард.

Источник: АМИТ "Ховар"