Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Д ар шаҳри Хоруғ масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин масъалаҳо дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ қарор доштанд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳо доир ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои захираҳои обро муҳокима намуда, аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ин замина татбиқи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки дар доираи он 27 сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодӣ ба истифода дода шуданд, ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар анҷом ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон