Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии озмун шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Зимни шиносоӣ масъулони комиссия, доварон ва иштирокчиён дар бораи сатҳи омодагӣ, ҷараёни пешниҳоди мавод ва муҳити озмун маълумоти муфассал доданд.
Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон иброз намуд, ки ин озмун яке аз ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ммуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ мебошад. Баъди шиносоӣ бо ҷараёни озмун муовини Сарвазири мамлакат барои дар сатҳи баланд гузаронидани он, таъмини шаффофият ва риояи талаботи Низомнома дастурҳои мушаххас дод.
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 17 октябр оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад. Дар даври ҷамъбастии озмун 581 довталаб иштирок дорад.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 23 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон