Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбарияти ширкати олмонии « Textima » мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи сафари ҳайати бонкҳои Тоҷикистон «Ориёнбонк» ва «Тавҳидбонк» ба Олмон баргузор гардид.

Ҷонибҳо рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Источник: АМИТ "Ховар"