Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
АМИТ "Ховар" · · g625144
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Меҳваршоҳ Оев, ки дар Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи А.Д.Сахарови Донишгоҳи давлатии Беларус дар шаҳри Минск таҳсил намудааст, бо ду ихтироъ соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Меҳваршоҳ Оев дар Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи А.Д. Сахарови Донишгоҳи давлатии Беларус дар шаҳри Минск таҳсилро дар аспирантура аз рӯйи ихтисоси «Радиобиология» муваффақона ба анҷом расонида, соҳиби дипломҳои муҳаққиқ гардид.
Меҳваршоҳ Оев дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолият намуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул аст. Аз ҷониби Меҳваршоҳ ихтироъҳои «Тарзи тайёр намудани кисели дорои йоди устувор» ва «Тарзи ҳавасмандгардонии синтези хлорофилл дар навниҳолҳои гандум бо вояҳои ками шуоъдиҳии якҷояи лазерӣ» таҳия гардида, ба онҳо патентҳои Ҷумҳурии Беларус дода шуданд. Солҳои 2025 ва 2026 таҳқиқоти ӯ дар доираи грантҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус дастгирӣ ёфт.
Бояд иброз намуд, ки дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани имконият барои донишандӯзӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба фароҳам овардани шароит барои таҳсили босифати ҷавонон, азхудкунии технологияҳои муосир ва машғул шудани онҳо ба фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»