Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки бо иқдоми хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 ин ҷониб ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию худшиносӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Озмун дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ ва табдил додани мутолиа ба ҷузъи доимии ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Иштироки хонандагону донишҷӯён то омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, намояндагони соҳаи фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони гуногункасб далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни мардум ба ин иқдоми фарҳангӣ мебошад.
Раиси комиссия таъкид намуд, ки бо назардошти фаро расидани даври ҷамъбастии озмун таъмини шаффофият, риояи талаботи низомнома ва баҳогузории одилонаи донишу маҳорати довталабон бояд дар меҳвари фаъолияти масъулон қарор дошта бошад.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкиливу омодагӣ ба оғози даври чоруми озмун, риояи талаботи низомнома, таъмини шароити зарурӣ барои довталабон, фаъолияти ҳайати ҳакамон, волонтёрон ва назоратчиён, инчунин инъикоси ҷараёни озмун тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳодҳои худро баён намуда, масъулон ба бартараф намудани камбудиҳои эҳтимолӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани даври ниҳоӣ вазифадор гардиданд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини шаффофият, риояи қатъии талаботи низомнома ва роҳ надодан ба камбудию норасоиҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон