Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он» ҳамоиши илмӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоишро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, «дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илми ватанӣ ва омода намудани кадрҳои баландпояи илмӣ яке аз вазифаҳои калидии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад».

«Баргузории чунин ҳамоишҳо барои ҳамоҳангсозии усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад»,-афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.

Ректори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ иброз намуд, ки «асри 21 бе илм ва таҳқиқоти илмӣ пеш намеравад. Усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ омили асосии эътирофи байналмилалии натиҷаҳои кори олимони тоҷик мебошанд. Пажуҳиши методологияи илм имкон медиҳад, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз қолабҳои кӯҳнаву маҳдуд берун омада, ба талаботи замони муосир ва рушди инноватсионии мамлакат ҷавобгӯ бошанд».

Дар раванди ҳамоиш олимон, устодон ва муҳаққиқони донишгоҳ доир ба усулҳои муосири пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ мубодилаи афкор намуданд. Иброз гардид, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас муҳаққиқон бояд усулҳои инноватсионии ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотро ба таври васеъ истифода баранд.

Гуфта шуд, ки пажуҳиши илмӣ бо мақсади дарёфти донишҳои нав, исботи назарияҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ амалӣ мегардад. Пажуҳиши илмӣ аз омӯзиши одӣ бо он фарқ мекунад, ки ба далелҳои исботшуда, усулҳои дақиқ ва мантиқ асос меёбад.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки пажуҳиши илмӣ муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа аст. Маҳз тавассути усулҳои дурусти ба роҳ мондани таҳқиқот олимон метавонанд технологияҳои нав созанд, бемориҳоро табобат кунанд ва қонунияти инкишофи ҷомеаву табиатро кашф намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"