Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти бехатарии озуқаворӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумита.
Дар мулоқот анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, рақамикунонии соҳа, таъсиси низоми ҳамгирошудаи иттилоотии назорати фитосанитарӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳамзамон масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва сохторҳои зертобеи он ва идомаи дастгирии молиявию техникии лоиҳаи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки ба анҷом расонидани сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ бо таҷҳизоти муосир ба таҳкими заминаи моддию техникии соҳа, баланд бардоштани сифати ташхису таҳлилҳои лабораторӣ, такмили низоми назорати давлатӣ, содагардонии расмиёти содироту воридот ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии фаъолияти мақомоти назоратӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон барои идомаи ҳамкории судманд, баррасии ташаббусҳои пешниҳодгардида ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими низоми бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон