Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки то 15 январи соли 2027 лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявиро ба ифтихори ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатӣ омода ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, хабар меиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин ҳар як вазорату идора, вилоят, шаҳру ноҳия, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар муваззаф гардидаанд, ки то 1 –уми январи соли 2027 бо фарогирии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ нақшаи чорабиниҳои омодагиро ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2026 ба имзо расид. Мақсад аз тавсиби фармони мазкур боз ҳам ободу зебо гардондани Ватан, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, ба ҷаҳониён ҳамчун давлати пешрафта, дорои таърихи пурғановат ва фарҳанги бостонии оламшумул муаррифӣ намудани Тоҷикистон мебошад.
Тавре ҳамагон шоҳидем, мардуми шарафманди Тоҷикистон бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои азими созандагиву ободониро ба анҷом расонида, дар рушди Ватан саҳми назаррас гузоштанд.
Бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд гашт.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ шудааст.
Чорабиниҳое, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Чуноне дар шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик собит менамояд, ки тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми бомаърифат, сулҳпарвар, заҳматдӯсту ободкор, давлатсозу тамаддунофар ва худшиносу худогоҳ буданд».
Бинобар ин, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки кору пайкори гузаштагон ва падарону модаронро идома дода, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватан-Тоҷикистони биҳиштосо, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва таълиму тарбия барои фарзандон кӯшиш намояд ва ин равияро ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил диҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»