Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш Ториқ Ал-Ҷалоҳима мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо зимни табодули назар дар бораи раванди иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки 3 ноябри соли 2024 ба имзо расидааст, фурсатҳо ва заминаҳои табдили аҳкоми санади мазкур ба барномаҳо ва ибтикорҳои муштараки амалиро баррасӣ карданд.
Дар ин росто аҳаммияти Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21–24 майи 2025 дар Душанбе баргузор шуд, мавриди таъкид қарор гирифт. Зимнан ҳузури ҳайати ҷавонони Кувайт дар ин рӯйдоди муҳимми минтақавӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ ва таҳкими пайвандҳои мардумӣ байни ду мамлакат қадами арзишманд арзёбӣ карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт