Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 30 августи соли 2019, ҳаҷми истихроҷи ангиштро то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонад.

Афзоиши истихроҷи ангишт то ба 15 миллион тонна барои таъмини соҳаҳои энергетикӣ, ба хусус таъмини пурраи марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ), хусусан МБГ-и Душанбе, рушди саноат- дастгирии корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли семент, металлургия ва хишт, ки ба ангишт ҳамчун сӯзишвории асосӣ ниёз доранд ва тақвияти иқтидори содиротӣ- фурӯши ангишт ва маҳсулоти аз он коркардшуда ба кишварҳои ҳамсоя нигаронида шудааст.

Дар ин самт Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо корхонаҳои соҳавӣ нақша доранд, ки тавассути ворид намудани технологияҳои муосир, кушодани конҳои нав ва афзоиши иқтидори корхонаҳои мавҷуда, аз ҷумла конҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Шӯроб» ва «Зиддӣ» ҳаҷми истихроҷи ин сӯзишвориро мунтазам зиёд намоянд.

Тибқи иттилои сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Юнусзода, дар 9 моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон аз ҷониби 21 корхона 2,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 344 ҳазор тонна зиёд буда, 117 фоизро ташкил додааст.

Баҳром Юнусзода афзуд, ки «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва барномаҳои марбути он ба рушди минбаъдаи ин соҳа ва таъмини амнияти энергетикии кишвар равона шудаанд. Тибқи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи соҳавӣ, мақомот ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт нақша доранд, ки ҳаҷми истихроҷи ангиштро то соли 2040 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд».

Таъкид гпрдид, ки самтҳои афзалиятноки Консепсия ба васеъ намудани истихроҷи ангишт ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши ғайридавлатӣ, такмили тарзҳои истихроҷ, аз ҷумла тавсеаи корҳои кушод ва навсозии технологияҳои коркард, таъмини корхонаҳои саноатӣ, хусусан сементбарорӣ ва металлургия ва таъмини аҳолии кишвар бо сӯзишвории ватанӣ ба хотири кам кардани вобастагӣ ба дигар намудҳои энергия ва сарфаи неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон нигаронида шудаанд.

Дар доираи консепсия барномаҳои миёнамуҳлати рушди соҳа таҳия ва амалӣ карда мешаванд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти конҳо, беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ ва риояи меъёрҳои экологӣ ва бехатариро дар бар мегиранд. Татбиқи технологияҳои пешрафта дар соҳаи ангишт, такмили инфрасохтори энергетикӣ ва саноатӣ аз дигар самтҳои афзалиятноки ин санад аст. Истифодаи технологияи муосир дар соҳаи ангишт имконият фароҳам меорад, ки соҳа на танҳо ҳамчун захираи анъанавии энергия, балки чун қисми муҳими саноати инноватсионӣ арзёбӣ гардад. Ин раванд метавонад ба коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои карбонии ифлоскунанда ва гузариш ба истеҳсолоти тоза мусоидат намояд.

Соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ иртиботи зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳиму назаррас мегузорад. Солҳои охир кормандони соҳа барои бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ корҳои зиёд ба анҷом расониданд.

Имсол корхонаҳои соҳа тасмим гирифтаанд, ки истихроҷи ангиштро ба 3 миллион тонна расонанд. Таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо ангишти ба талабот ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои асосии роҳбарони корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт маҳсуб мешавад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, соли равон барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 интиқоли 850,0 ҳазор тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. Дар ин самт корҳо идома дошта, дар муҳлати муайяншуда миқдори пешбинигардидаи ангишт таъмин карда мешавад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст, ки татбиқи он ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Сохтмони корхонаи истеҳсол, коркард ва бойгардонии антратсит бо истифода аз захираҳои кони «Назар-Айлоқ» ва истеҳсоли ангишти кокс аз захираҳои ангишти кони «Фон-Яғноб», истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ метавонад ба таъмини рушди соҳаи саноати ангишт ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Соҳаи истихроҷи ангишт дар иқтисодиёти Тоҷикистон барои рушди минбаъда дурнамои васеъ дорад, зеро бе воридоти дигар манбаъҳои энергетикӣ ба кишвар ангишт манбаи ягонае мебошад, ки дастрасӣ ва таъминоти он бо хароҷоти кам афзоиш дода шуда, талаботи дохили мамлакат пурра таъмин карда мешавад. Ангиштро на танҳо ҳамчун манбаи гармӣ, балки барои эҳтиёҷоти технологӣ, саноати кимиё ва энергетика, металлургияи ранга ва сиёҳ метавон истифода бурд ва он барои пешрафти минбаъдаи соҳа имконияти васеъ фароҳам меорад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сӯзишворӣ буда, бо назардошти захираҳои мавҷуда ба истифода додани корхонаҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, таъмини бозори дохилӣ бо ангишт ва содироти он ба хориҷи кишвар мувофиқи мақсад аст. Мутахассисони пуртаҷрибаи корхонаҳои соҳа минбаъд низ дар афзоиш додани ҳаҷми истихроҷ ва коркарди ангишт, таъминоти саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар бо он, афзоиши ҳаҷми содирот, истифодаи бештари иқтидор ва бунёди корхонаҳои нав талош намуда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ, хусусан амалӣ намудани «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» нақши арзанда мегузоранд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"