Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябр дар шаҳри Санкт –Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбии коршиносони соҳаи захира ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул, Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба барҳам додани таҳдидҳои радиатсионӣ-экологӣ, ташкил ва фаъолгардонии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи фаромарзии табиӣ, тағйирёбии иқлим, Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид–Хабитат, рушди устувори минтақаҳои куҳӣ, тақвияти бехатарии озуқаворӣ дар фазои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои дигари марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ баррасӣ гардида, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Инчунин намояндагони парлумони мамлакат дар ҳамоиш оид ба масъалаи партовҳои химиявӣ ва лампаҳои симобдор оид ба мавзӯи баррасишаванда, мавқеи Тоҷикистон, таҳкими қонунгузорӣ ва корҳои дар кишвар амалигардида суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ҳайати парлумони мамлакат бо Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский вохӯрӣ намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории кумитаҳои марбутаи Маҷлиси Олиро бо комиссияи дахлдори ин ниҳод баррасӣ намудан.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон