«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳо ислоҳоти заруриро барои рушди инфрасохтори рақамӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ, таъмини амнияти киберӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳо ислоҳоти заруриро барои рушди инфрасохтори рақамӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ, таъмини амнияти киберӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат пайгирона идома медиҳад. Чунин иброз намуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз зимни оғози Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 дар шаҳри Душанбе.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он беш аз 1000 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои бонуфузи технологӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Халиҷи Форс иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 муаррифии ҳамаҷонибаи имконот ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва инфрасохтори рақамӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки технологӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши шарикии давлату бахши хусусӣ, табодули донишу таҷриба, инчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, рушди соҳибкории технологӣ ва суръатбахшӣ ба раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад.
Ҳоким Холиқзода дар идомаи суханронӣ афзуд, ки «баргузории Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 бо афзалияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои инноватсия ва рақамикунонӣ ҳамоҳанг буда, ба истифодаи васеи технологияҳои муосир дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди фаъолияти инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори технологии кишвар равона гардид. Форум имконият фароҳам меорад, ки зарфияти Тоҷикистон дар ин самтҳо ба доираи васеи шарикони байналмилалӣ муаррифӣ гардида, роҳҳои амалии ҳамкории сармоягузорию технологӣ баррасӣ шаванд».
Муовини якуми Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи сифатан нави рушд қарор дошта, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Дар ин замина маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рақамикунонии иқтисод ҳамчун яке аз самтҳои рушди афзалиятноки иқтисоди миллӣ муайян гардида, барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва инфрасохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд.
Ҳадафи он вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир, хусусан рушди инфрасохтори рақамӣ, тавсеа ва такмили марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии иттилоот, шаффофияти молиявӣ, таъмини шаффофият дар муносибатҳои иқтисодию молиявӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои электронӣ, ташвиқи таҳқиқоти илмӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба мутамарказсозии захираҳо, таҳкими ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ равона гардида, барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва сармоягузорон имконоти нав ва барои рушди кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амҳамияти ин раванд татбиқи пайгиронаи ислоҳотро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва экосистемаи инноватсионӣ идома медиҳад. Зеро имконоти рақамӣ барои афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ шароити муосид фароҳам меорад. Дар шароити муосир технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо воситаҳои нави технологӣ, балки омилҳои муҳими дигаргунсозии усулҳои идоракунӣ, равандҳои истеҳсолӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ гардидаанд. Ин аст, ки истифодаи дуруст ва самараноки имконоти ватанӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани имконияти нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад. Таъкид шуд, ки натиҷаи асосии рақамикунонӣ бояд ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон, коҳиш додани вақт ва хароҷоти зиёдатӣ, баланд гардидани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани имконияти нави рушд нигаронида шаванд.
Дар ҷаласаи умумии форум иштирокдорон масъалаҳои ҳамоҳангсозии стратегияҳои миллӣ бо ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба муайян намудани манфиатҳои муштарак, истифодаи имконоти мавҷуда ва баррасии роҳҳои ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафҳои рушди рақамӣ равона гардид.
Дар идомаи барномаи форум бо иштироки коршиносони ватанию хориҷӣ дар мавзуъҳои «Тоҷикистони рақамӣ: имконияти нав барои сармоягузорӣ ва шарикии технологӣ», «Технологияҳои молиявӣ, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди ғайринақдӣ», «Бахши хусусӣ, стартапҳои технологӣ ва сармоягузории венчурӣ», «Зеҳни сунъӣ барои давлат, иқтисод ва ҷомеа», «Амнияти киберӣ ва муҳити боэътимоди рақамӣ», «Ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои давлатии рақамӣ» ва «Иқтидори кадрӣ ва малакаҳои рақамии оянда» ҷаласаҳои панелӣ баргузор гардиданд.
Дар доираи ин мавзуъҳо масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ, иқтисод ва ҳаёти ҷомеа, таъмини амнияти киберӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои давлатии рақамӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор мегиранд. Дар ин замина омодасозии кадрҳои баландихтисос ва такмили малакаҳои рақамӣ ҳамчун омилҳои зарурии истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва пешбурди раванди рақамикунонӣ баррасӣ шуданд.
Коршиносон таҷрибаи кишварҳо ва ташкилоти худро дар таҳия ва татбиқи роҳҳои ҳалли рақамӣ муаррифӣ намуда, имконияти мутобиқсозии таҷрибаи пешқадам ба талаботу шароити Тоҷикистонро мавриди мубодилаи афкор қарор доданд. Ҳамзамон роҳҳои густариши ҳамкории касбӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо истифода аз дониш ва таҷрибаи шарикони хориҷӣ муҳокима гардиданд.
Дар бахши инфрасохтори рақамӣ ба рушди марказҳои коркарди додаҳо, густариши табодули электронии иттилоот байни идораҳо, тавсеаи хизматрасониҳои мобилӣ ва ҳифзи инфрасохтори муҳими иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Баррасии ин масъалаҳо ба таҳкими заминаҳои техникию иттилоотии рақамикунонӣ ва таъмини фаъолияти боэътимоду бехатари низомҳои рақамӣ равона гардид.
Дар самти соҳибкории технологӣ масъалаҳои рушди IT Park, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти стартапҳо ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ баррасӣ шуданд. Иштирокдорон ҳамчунин доир ба имконоти тавсеаи содироти маҳсулоту хизматрасониҳои рақамӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт табодули назар намуданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 намоишгоҳи технологӣ ташкил гардида, ба ширкатҳо ва стартапҳо имкон дод, ки маҳсулот, хизматрасониҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсиониро муаррифӣ намоянд. Ин бахши форум барои шиносоии бевоситаи иштирокчиён бо зарфияти ширкатҳои технологӣ ва ташаббусҳои соҳибкорон, инчунин барқарор намудани робитаҳои касбию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар баробари ҷаласаҳо ва намоишгоҳ байни намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳо ва доираҳои соҳибкорӣ мулоқоти корӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот имконоти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои амалии форум санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба густариши шарикӣ байни ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои технологӣ ва соҳибкорон, ҷалби сармоя ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак равона шудаанд.
Интизор меравад, ки дар ҷамъбасти Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 30 сентябр корашро идома медиҳад, «Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» қабул гардад. Он самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро дар рушди муҳити инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории технологӣ ва вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ муайян менамояд.
Дар маҷмуъ, Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба муаррифии имконоти технологии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»