Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон- Ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон- Ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», намоишу фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур таҷлил мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин ҷашнҳо тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегарданд.
Ҳамасола бахшида ба таҷлили Ҷашни Меҳргон дар шаҳри ноҳияҳо ва пойтахти мамлакат намоиши дастранҷи кишоварзон, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷот бо нархҳои дастрас пешниҳод мегардад. Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд. Зеро Меҳргон ҷашне аст, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукуҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Ҷашни Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил мешавад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд».
Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
АКС аз бойгонӣ