«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди китобдорию китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии худ қарор дода, бо ташаккули заминаи устувор, барномарезии мақсадноки давлатӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мартуб

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ « Ховар » /.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди китобдорию китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии худ қарор дода, бо ташаккули заминаи устувор, барномарезии мақсадноки давлатӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мартуб ба соҳаи китобдорӣ ва тасмимҳои илман асоснокшуда барои ба вуҷуд овардани низоми нави китобдорӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

–Дар ин замина бо мақсади таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва муттаҳид намудани китобхонаҳои деҳот ба шабакаи ягонаи иттилоотии мамлакат, инчунин баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештарӣ аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба китобхонӣ «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд.

Барнома барои татбиқи технологияҳои муосир дар китобхонаҳои деҳот, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳия шудааст.

Рушди китобхонаҳои деҳот

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусу иқдомҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалӣ барои пешрафти фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа андешида шуданд.

Аз ҷумла, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ин амал барои пурракунии фонди китобхонаҳои мамлакат аҳамияти калон дорад.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ аз соли 2019 дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Он ба ташаккули фарҳанги хониш дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа мусоидат мекунад.

Тибқи таҳлили барнома, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 59 китобхона ва филиалҳои онҳо навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон 11 китобхона-филиал ба биноҳои нави дорои таҷҳизоти муосир кӯчонида шуда, бо шароити зарурӣ таъмин карда шуданд.

Яке аз ташаббусҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуррагардонии фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти тозанашр ва баланд бардоштани фарҳанги хонишу афзоиши дастрасӣ ба китобҳо ташкили иқдоми «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. Дар доираи ин иқдом   аз соли 2015 то 2025 беш аз 900 номгӯй адабиёти бадеӣ ва бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Вазъи китобхонаҳои деҳот

Тибқи арзёбии «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031»,  дар соҳаи фарҳанг 74 китобхонаи марказӣ ва 1290 китобхонаи давлатию оммавӣ (китобхонаҳои деҳот) бо фонди умумии беш аз 849696,2 нусха китоб ва маводи дигари иттилоотӣ (бе назардошти фонди Китобхонаи миллӣ)  фаъолият доранд. Аз 1290 китобхонаи давлатию оммавӣ танҳо 67 адади он ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Ташаккули фазои нави ҳуқуқӣ ва иттилоотии мамлакат, зуҳури муносибатҳои бозаргонӣ дар соҳаи фарҳанг, аҳамияти хосса пайдо намудани масъалаи ҳифзу тарғиби мероси миллӣ, аз ҷумла китобу осори чопӣ, таҳкими робитаҳои китобдорӣ ба ташаккули сиёсати нави фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои барои ривоҷу равнақи фаъолияти соҳаи китобдорӣ андешида ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими заминаи моддию техникии китобхонаҳо, ба хусус таъмини онҳо бо технологияи муосир, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ва мутахассисони баландихтисос вуҷуд доранд.

Дар асоси таҳлилҳо сатҳи омоданамоии китобдорон, таркиби фонди китобхонаҳои деҳот, вазъи фаъолияти китобдорӣ ва сатҳи хизматрасонии хонандагон ба талаботи ҷомеаи муосир ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла, бинои аксари китобхонаҳо таъмирталаб буда, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Бештари китобхонаҳо бинои алоҳида надошта, дар бинои ташкилоту муассисаҳои дигар, ҷамоатҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон норасоии технологияҳои замони муосир, аз қабили компютер, принтер ва амсоли инҳо дар китобхонаҳои деҳот ва ҳам дар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасад.

Дар ҷумҳурӣ шумораи китобхонаҳои таъмирталаб ва садамавӣ 179 адад ва китобхонаҳои дар дигар макон ҷойгиршуда 772 ададро ташкил менамояд.

Рақамикунонии китобхонаҳо

Дар барнома оварда шудааст, ки мониторинги арзёбии ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ нишон дод, ки мақомоти марбута барои ҷалби сармоя лоиҳаҳои асоснок таҳия ва пешниҳод намекунанд ва уҳдадориҳои худро дар самти таъмини китобхонаҳо бо компютер, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, харидории барномаҳои махсуси китобхонавӣ, иҷозатномаи истифодабарандагони барномаи «Aleph» барои кормандони китобхонаҳо, таҷҳизот барои барномаи «Rozetta», иҷозатномаҳо ва таъминоти барномавӣ, насб ва танзими он, таҳияи феҳристҳои электронӣ, таъсиси веб-сайти китобхонаҳо ва китобхонаҳои электронӣ иҷро накардаанд.

Ҳамзмон кормандони аксари китобхонаҳои деҳот ғайритахассусӣ буда, аз одитарин қоидаҳои нигаҳдории китоб дар фонд огоҳӣ надоранд. Аз ҷониби китобхонаҳои деҳот китобҳое харида мешаванд, ки қисман илмӣ буда, барои хонандагони деҳот чандон мувофиқ нестанд.

Ҳадафҳои барнома

Яке аз ҳадафҳои асосии ин барнома таҳкими иқтидори кадрӣ, заминаи моддию техникӣ, навсозии фонд ва сифати адабиёт, таъмини гардиши китоб, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари мубрами китобхонаҳо, мутобиқ гардонидани фаъолияти китобхонаҳои деҳот ба талаботи замони муосир ва эҳтиёҷоти фарҳангии аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии кормандони китобхонаҳои деҳот, муайян намудани дурнамои бунёд ва рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ мебошад.

Вазифаҳои банома

Вазифаҳои асосии барнома- ин мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии китобхонаҳои деҳот, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, таъминот бо  рафҳои китобмонӣ ва адабиёти тозанашр, таъмир, навсозӣ ва сохтмони китобхонаҳои деҳот, таъмини китобхона-филиалҳо бо бинои алоҳида ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ, компютеркунонӣ ва автоматикунонии равандҳои китобдорӣ дар онҳо, ташкили даврҳои омӯзишии такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон, баргузории машғулият оид ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобдорию иттилоотӣ, мубодилаи мутахассисон бо кишварҳои хориҷӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои истифодабарандагон, пайвастнамоии китобхонаҳои деҳот ба шабакаи интернет, таъсиси сомонаи марказонидашуда ва суроғаҳои электронии китобхонаи деҳот мебошад. Инчунин баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии китобдорон,  ташкили китобхонаҳои сайёр дар деҳот ва  таҳияи асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъмини методии тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ ба манфиати рушди соҳа мебошад.

Самтҳои афзалиятноки барнома

Самтҳои афзалиятноки барнома аз такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунӣ, рушди фондҳои китобхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, сохтмон ва навсозии китобхонаҳои деҳот, бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо, рушди таҳсилоти китобдорӣ, ворид намудани китобхонаҳо ба фазои муосири иттилоотӣ, рақамикунонии фаъолияти китобхонаҳо ва таҳкими нақши онҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва иттилоотии ҷомеа иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки татбиқи «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» барои таҳкими заминаи моддию техникӣ, рушди инфрасохтори китобхонаҳо, амалӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба китобу иттилоот заминаи мусоид фароҳам оварда, ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ ва рушди маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"