Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ дар Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026, ки таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ дар Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026, ки таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилоти молиявии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти молиявии байналмилалӣ, шарикони рушд, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Иштирокдорони форум масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ, аз ҷумла ҳамгироии низоми пардохтҳо дар Осиёи Марказӣ – инфрасохтор ва ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ бо истифода аз технологияҳои нав, финтех ва тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон дар шароити табдили рақамӣ, моделҳои нави соҳибкорӣ ва рушди экосистемаҳои рақамиро муҳокима намуданд. Ҳамчунин доир ба мавзуъҳои бонкдории кушода (Open Banking), низомҳои пардохти фаврӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва имконияти таҳкими ҳамкории фаромарзии ниҳодҳои молиявӣ табодули афкор доир шуд.
Форум дар заминаи густариши ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими шарикӣ бо ниҳодҳои байналмилаллии молиявӣ ва шарикони рушд гузаронида шуда, барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, баррасии роҳҳои ҳалли мушкилоти муосир ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди бахши молиявӣ аҳаммияти муҳим дорад. Он ба таҳкими устувории молиявӣ, васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди ҳамгироии рақамии бозорҳои молиявии кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон