Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтон дар мавзӯи «Омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (B5+1) нишаст баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода, ноиби аввали Президенти Палатаи тиҷорати ИМА Хуш Чакси, ноиби Президенти Палатаи тиҷорати ИМА Ҷениффер Миел ва ширкатҳои амрикоӣ — аъзои Палатаи тиҷорати Амрико, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи Boeing, Visa, Coca-Cola, KBR ва McLarty Associates иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ширкатҳои амрикоӣ муаррифӣ намуд, гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи муҳими стратегӣ ҷойгир шудааст ва аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодири стратегӣ, обию гидроэнергетикӣ бой аст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон моҳи апрели соли 2027 мизбони Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (B5+1) хоҳад гардид ва ширкатҳои амрикоиро ба иштироки фаъол дар Форуми мазкур даъват шуданд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои беҳтарин гузаронидани Форуми мазкур ҳамкорӣ ва корбарӣ менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Источник: АМИТ "Ховар"