Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овардааст. Давоми солҳои истиқлолият
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овардааст. Давоми солҳои истиқлолият сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд рафт. Дар партави Истиқлолияти давлатӣ инчунин ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муяссар гашт ва мо аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳалаи рушди ҳама соҳаҳо қадам гузоштем. Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем. Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи моро ба марҳалаи нави рушд ворид намуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем».
–Агар ба ин ва дигар иқтибосҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки том ва таҳлили жарф назар афканем, мутмаин мешавем, ки дар партави чунин гуфтаҳои ҳикматомез 35 соли умри пурталош ва ҳамзамон сердастоварди давлати ҷавони мо бо набзу ҳастии Роҳбари хирадманди мамлакат робитаи қавӣ дорад.
Аслан волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони муосир расидан ба Истиқлолияти давлатӣ буда, он заминаи устувор барои таъмини дастовардҳои дигари сершумор дар даврони давлатдории навин зери роҳбарии моҳиронаи Пешвои қавииродаи миллат гаштааст. Бо тадбиру идроки Сарвари муаззами давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо на танҳо тавонистем аз буҳрони амиқи сиёсию низомӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ раҳоӣ ёбем, балки ба марҳалаи рушди ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа қадам гузоштем ва бо сари баланд дар саҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ мақому манзалати хос пайдо намудем.
Ба дебочаи таърихии як сол қабл аз касби истиқлоли воқеӣ руҷуъ карда, мушоҳида хоҳем намуд, ки дар рӯзҳои охирини ҳокимияти шуравӣ, ки саросари қаламрави онро оташи низоъҳои милливу сиёсӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон саҳифаи тозаи таърихиро боз кард.
Сарфи назар аз ин, соҳибистиқлолие, ки дар ин санад дарҷ шуда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шуравӣ» ба ҳисоб мерафт, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард. Оғози солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии он як замони таҳаввулоти ҷиддии ногаҳони таърихӣ ва тағйироти босуръати ҳодисаҳои сиёсӣ буда, ҳатто баъзе роҳбарони мақоми аввали ин ҷумҳуриҳо аз дарки маънии ин раванд оҷиз мемонданд. Ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил талош мекарданд. Азбаски ин раванди сиёсӣ Тоҷикистонро низ метавонист фаро гирад, зарурати воридсозии тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 баръало мушоҳида мешуд.
Ин ҳолат дар изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин инъикос гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда… мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Изҳороти қабулшуда муҷиби он шуд, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад. Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин воқеият Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори алоҳида қабул намуд. Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991, тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ бароварда шуд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ин меъёр хислати бебозгашт дорад.
Дастоварди калидии истиқлолият интихоби роҳбарияти нави сиёсии кишвар буд. Хушбахтона, дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ шахсе сарвари давлат шуд, ки бо самимияти беназири инсонӣ, руҳи миллию ватанпарастӣ, хислатҳои ҳамидаи демократӣ ва ҳамкорию ҳамраъйии сидқии ҳамсафонаш тавонист халқу давлатро аз вартаи фано наҷот диҳад. Нахустин изҳорот ва баёнияҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи дурахшони халқи кишвар башорат медоданд. Таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI якчанд санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол сохтан ва таҳким бахшидани сохтори ҳокимияти давлатӣ заминагузор буданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабил буданд. Ҳамаи санадҳое, ки дар иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун чораҷӯиҳои пайвастаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон имкон доданд, ки кишвар ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам ниҳода, мардум бо бунёдкориву созандагӣ машғул шавад.
Тавре аз яке аз муроҷиатномаҳои нахустини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, вобаста ба вазъи сиёсии мамлакат дар он рӯзҳо иҷрои вазифаҳои зеринро дар навбати аввал гузошта буданд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор кардани сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем нахуст амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти милиса, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро таҳким бахшем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад. Бо назардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шурои Олӣ ва Ҳукумат оид ба халъи силоҳ дар миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои давлат, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як силсила қарорҳо қабул карда, онҳоро пиёда сохт, ки ин гувоҳи ҳушёрию зиракии сиёсии роҳбарияти кишвар дар он давра аст.
Бояд махсусан иброз намуд, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он далолат мекард, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Раванди мазкур на танҳо аз назари қонунӣ ба анҷом нарасида буд, балки давлат то ҳанӯз рамзҳо ва аломатҳои муҳимми қонунии ифодакунандаи худро пайдо накарда буд. Ин рамзҳоро давлат таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард.
24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз дар пойтахти кишвар аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва муассисаҳои давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи Парчами Тоҷикистон ба расмият даромад. Шоми 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метра, ки яке аз пояҳои баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Бегоҳии рӯзи 25 августи соли 2011 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи рости Қасри миллат бо буридани лентаи рамзӣ Маҷмааи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар пояи баландияш 40 метр насб шудааст, ифтитоҳ гардид. Баландии худи Нишони давлатӣ 5 метр ва бо пояаш 45 метр буда, он аз ҷумлаи иншооти сершумори ҷашнӣ дар пойтахти кишвар аст, ки ба истиқболи солгарди 20-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ ва зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ садди роҳи ҷанги бародаркушӣ шуда, роҳ ба сӯи дарёфти сулҳу оштӣ ва баргузории музокиротро пеш гирифтанд, то якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, истиқлоли деринтизор ва давлати навини тоҷикон бақо бимонад. Президенти мамлакат на танҳо пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро дар кишвар гирифт, дубора сулҳу ризоияти миллиро овард, мардумашро сарҷамъ кард, давлати тозаистиқлоли хеш ва якпорчагию тамомияти арзии сарзаминашро ҳифз намуд, балки дар 35 соли даврони истиқлол Ватанашро бо сиёсати «дарҳои кушода» ба узви комилҳуқуқ, муътабар ва баробари ҷомеаи байналмилалӣ ва бо барномарезиҳои муассири иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ба кишвари рӯ ба рушд табдил доданд. Ислоҳоти зарурие, ки дар даврони истиқлол бо ибтикору иштироки Пешвои миллат дар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои он – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гузаронида шуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд табдил доданд. Дар ин қарина, метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми маънӣ бунёдгузори давлати навини тоҷикон номид.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар масири ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ давоми зиёда аз 20 соли аввали давлатдорӣ Тоҷикистон ва мардуми кишвар таҳти раҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се давраи пуршебу фароз — “Наҷоти давлату миллат аз вартаи фано” (солҳои 1992-1997), “Таҳкими сулҳу субот” (1998-2000) ва “Оғози бунёдкорию созандагӣ” (2001-2006)-ро паси сар карда, ба марҳалаи “Оғози фатҳи қуллаҳо” аз соли 2007 ба ин сӯй ворид шуд. Аз соли 2013 инҷонибро метавон марҳалаи идомаи тадбирҳо барои рушди устувор таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард. Ин марҳала аз 6 ноябри соли 2013 оғоз гардида, ба татбиқи рисолати аввалиндараҷаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста нигаронида шудааст. Бузургтарин дастовардҳое, ки мардуми кишвар дар ин солҳо қариб дар ҳама мавридҳо ноил шуданд, татбиқи ҳадафҳои стратегии муайянкардаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аст.
Ба андешаи сарварони доираҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо, Эмомалӣ Раҳмон заминаи муътамадро барои бунёди як ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи нав барои кишвар, таъсиси шароити ҳуқуқӣ барои парлумони бисёрҳизбии демократӣ, заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 гузошт. Шароити мусоид барои эҳёи миллӣ, бунёдкорӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ ва рафъи хавфи камғизоӣ фароҳам оварда шуд. Дар муддати кӯтоҳ, қарорҳои сиёсӣ ба воқеият табдил дода шуданд ва дар натиҷа сохтмони васеи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангӣ, сохтмони «Шоҳроҳи Ваҳдат» ба роҳ монда шуд, ки пайванди ҳамаи қисмҳои кишварро бо дигар шоҳроҳҳо дар тамоми фаслҳои сол таъмин намуд. Дар ин росто, Раиси Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Ҳерберт Дорфман дар соли 2015 ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ чунин иброз дошт: “Маҳз ба шарофати талошҳои пайдарпайи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як фоҷиаи миллӣ амон ёфта, тавонист истиқлолияти худро дар охири асри 20 таҳким диҳад ва ба туфайли он мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол дар ҷодаи эҳёи миллӣ, ояндаи шукуфон ва худтаъминкунӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид”.
Тавре соҳибназарон тазаккур додаанд, шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ як рукни муҳими давлатдории мо, яъне парламенти кишвар, ҳам дар шакли ғайрикасбӣ дар солҳои 1990-2000 ва ҳам ба сифати парламенти касбӣ аз соли 2000 то ба имрӯз бо таҷрибаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ифодаи дурусти иродаи халқ дар раванди ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ, ваҳдати миллӣ, бунёд ва тавсеаи шоҳроҳи ҳуқуқии давлати демократӣ нақши таърихии худро иҷро карда истодааст. Ва ин ҳам аз натиҷаҳои барҷастаи сиёсати давлатии комгори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани шохаи қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Дар мавриди дастгирии мақоми қонунгузори кишвар бояд нуктаи муҳимеро гуфт, ки 5 июли соли 2024 дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар фазои тантанавӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир – Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамин тавр, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо, Чин ва бо иқдому ташаббусҳои беназири Пешвои миллат шароити беҳтарини корӣ барои ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии кишварамон таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд. Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст. Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудааст.
Боз ҳам, Тоҷикистон аз замони дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ то кунун марҳилаи кӯтоҳ, вале пурмасъулияту сарнавиштсози эҳёи суннатҳои давлатдории миллию таърихиро паси cap кардааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дақиқан иброз дошта буданд, «дар ин муддат воқеаҳое рух доданд, ки барои таърихи давлати тоҷикон, сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти ҳақиқатан таърихӣ доранд».
Як нуктаи муҳимро инҷо бояд таъкид кард, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини зимоми роҳбариро ба уҳда гирифтан тавонистанд бо матонату шуҷоати комил ҳокимияти давлатиро барқарор созанд ва минбаъд сиёсати давлатиро дар кулли самтҳо бомуваффақият роҳандозӣ намоянд. Бино ба таҳлили коршиносон, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд: сиёсати дохилӣ (таъмини муносибатҳо байни субъектҳои гуногун дар дохили давлат); сиёсати иҷтимоӣ (таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии манфиатҳои табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, барқарор кардани ҳамкории иҷтимоӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ); сиёсати миллӣ (таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ); сиёсати иқтисодӣ (таъмини рушди устувори иқтисодиёти давлат ва бахшҳои асосии он); сиёсати аграрӣ (рушди самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои агробизнес); сиёсати илмӣ-техникӣ (рушди иқтидори илмӣ ва таъмини пешрафти илмӣ-техникии давлат); сиёсати фарҳангӣ (таъмини рушди иқтидори эҷодии кишвар, пойгоҳи таълимӣ ва пешрафти маънавии ҷомеа); сиёсати муҳоҷират (таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, пешгӯии равандҳои муҳоҷират, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар); сиёсати хориҷӣ (барқарор кардани муносибатҳои сиёсати хориҷӣ ва муқаррар кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ); сиёсати мудофиавӣ (ҳифзи тамомияти арзӣ, рушди иқтидори низомӣ); геополитика (ҳалли масъалаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, иштирок дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ). Дар ин росто, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои мазкур ва хусусан дар ҷодаи таҳкими ҳокимияти давлатӣ ташаббускорӣ ва дидгоҳи созанда зоҳир намуда, бо ислоҳоту такмилдиҳии низоми давлатдорӣ ва беҳтарсозии ҳаёти мардум яке аз роҳбарони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ гардиданд.
Месазад ба суханҳои наҷибонаи аҳамияти таърихидоштаи Пешвои муаззами миллат, ки бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд, рӯ оварем: «Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод карда истодаанд…
То имрӯз мо дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёдеро амалӣ намудем. Иқдомоти амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, болоравии некӯаҳволии мардум таъмин карда шавад…
Дар ин давра, махсусан, рушди бомарому бесобиқаи соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт таъмин карда шуд. Аз ҷумла ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан шумораи муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот бамаротиб афзуда, танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз чор баробар зиёд гардиданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд….
Тайи 34 соли гузашта дар самти сиёсати хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ даҳҳо рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба вуқӯъ пайваст ва боиси болоравии нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи олам гардид. Ҳоло Тоҷикистони азизи моро тамоми дунё мешиносад, эътироф ва эҳтиром мекунад, ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дастгирӣ ва амалӣ месозад…».
Дар қаринаи таъкидҳои болозикри Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаҳои маориф ва фарҳангу маънавиёт, инчунин таҳкими ваҳдати миллӣ бо шарофати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ дар даврони муосир якчанд далелу бурҳони қотеъ меорем.
Тадбиру талошҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди пургустариши сиёсати фарҳангияшон муҷиби эҳёи манзалати таърихии забони тоҷикӣ гардид, ба фаъолиятмандии забони миллӣ дар ҷомеа вусъат бахшид, ҳуқуқҳои поймолшудаи онро барқарор намуд, заминае фароҳам овард, ки забони давлатии Тоҷикистон рисолати иҷтимоии худро ба сомон расонад. Таҷлили ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ, Соли забони тоҷикӣ эълон шудани соли 2008 якҷо бо ҷашни 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҳия ва қабули Қонуни нави забон, Барномаи давлатии рушди забони давлатӣ, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри бунёди Конуни забон барои равнақу ривоҷи забони модарӣ шароити муносиби сиёсиву маъмурӣ ва маънавиро муҳайё намуд. Гузашта аз ин, дар марҳилаи кунунӣ татбиқ шудани ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар мавриди ба табъ расонидан ва ба ҳар хонаводаи мамлакат туҳфа кардани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, ба эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон равона шудааст. Аз ҷониби дигар Президенти Тоҷикистон ният доранд, ки калимаву ибораҳои ноби тоҷикӣ ва дар маҷмуъ, асолати забони модарии ҳар сокини Тоҷикистон ҳифз гардад.
Инак ба пешрафту дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар таҳти роҳбарии олии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менигарем. Агар соли таҳсили 1991-1992 дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, пас ин нишондиҳанда дар соли 1999 ба 28 адад ва шумораи донишҷӯён ба беш аз 79 ҳазор нафар баробар гардид. Дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мамлакат ба 38 ва дар соли таҳсили 2025-2026 ба 48 муассиса бо 213 ҳазор нафар донишҷӯ расидааст. Ин шумора бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд, 255 ҳазор нафарро дар бар мегирад.
Бояд таъкид дошт, ки аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии фаъолияткунанда дар мамлакат 6-то муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ (Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи инноватсионии Душанбе) буда, дар тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ саҳм мегузоранд.
Ҳукумати мамлакат барои таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муассисаҳои нави таҳсилоти олии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯро сохта, ҳамаи онҳоро бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити ҳозиразамон таъмин намуданд. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1992), Донишгоҳи давлатии Данғара (соли 2005), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён (соли 2006), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (соли 2013) Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (соли 2015), Донишгоҳи тиббии Хатлон (соли 2016), таъсис дода шуданд.
Дар вилояти Суғд Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (соли 1991), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1993), филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара (соли 1998), Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (соли 2006), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ба фаъолият шуруъ карданд.
Дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (соли 1991), Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (соли 1991), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (соли 2009), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 1993), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (соли 2003), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (соли 2007), Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (соли 2013), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ (соли 2020) таъсис дода шуданд.
Инчунин дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ, мудофиаи кишвар ва ҳифзи сарҳадот Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир” таъсис дода шуд.
Барои тақвияти ҷараёни таълиму тарбияи мутахассисони варзидаи муосир дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ коллеҷҳо ва литсейҳо низ таъсис дода шуданд.
Ҳамин тавр, бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт (27 сентябри соли 2016), биноҳои Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон (6 сентябри соли 2018), Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Данғара (5 ноябри соли 2018), Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» (12 сентябри соли 2019), Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат (8 октябри соли 2020), Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар (24 марти соли 2021), Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” дар шаҳри Левакант (27 октябри соли 2021), Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан (10 августи соли 2022), бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (23 октябри соли 2022), Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе (13 марти соли 2023), Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода (24 майи соли 2023), Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов (27 августи соли 2024) ба истифода дода шудаанд.
Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 дар мамлакат яке аз дастовардҳои муҳим дар соҳаи маорифи мамлакат мебошад. Иқдоми ташкили Маркази миллии тестӣ яке аз дурнамоҳои асосии таҷдиди соҳаи маорифи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои аз ноҳияҳои кӯҳистони дурдасти кишварамон ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани духтарон квотаи президентӣ таъсис ёфт, ки ин таҷрибаи нодир дар амалияи татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад. Давоми амали ин квота зиёда аз 27 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳони дохилшавӣ қабул гардиданд. Илова бар ин, дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), теъдоди квотаи президентӣ барои соли таҳсили 2023-2024 дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд шудааст.
Дар маҷмуъ, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маърифатпарвар ва тарбиятгари ҷомеаи мутамаддини муосири тоҷик мушкилоти зиёди соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ҳал гардида, ҳамзамон ислоҳоти пешқадам, аз қабили афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтарсозии чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва зарфиятҳои ҳирфаии онҳо, ҷорисозии низоми кредитии таълим, квотаи Президентӣ, таъсиси маркази тестӣ ва аккредитатсияи байналмилалии мактабҳои олӣ, такмили ихтисосу дараҷаи илмии устодон, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ва тарғиби омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва фанну тахассусҳои мавриди ниёз татбиқ шуданд.
Бахши дигари хеле муҳим барои ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ- ин талошҳо дар самти эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва арзишҳои суннатии фарҳангӣ ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳасари худ таҳти унвони “Аз Ориён то Сомониён” чунин фармудаанд: «Ман аз саҳифаҳои таърихи куҳани диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро ба ҳам бипайвандам, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам. Зеро таърих боинсофтарин ва одилтарин ҳакам аст, ки ҷумлаи неку бади гузаштаву имрӯзаро дар мизони адли хеш бармекашад».
Як падидаи ҷолиби таърихсози муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки ҳар сол ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробар бо ҷашнҳои дигари бузурги таърихӣ баргузор мегардад. Ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино, 2700-солагии китоби «Авесто» ва ҳазораи “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар як вақт бо ҷашни Истиқлол таҷлил карда шуд. Ҳар сол баробари таҷлил гардидани ду ҷашни бузург – ҷашни Истиқлол бо як ҷашни таърихӣ, ҷоҳу ҷалоли ин ҷашнҳоро зиёда карда, аслияти таърихии давлатдории миллии тоҷикон ва пайванди ногусастании имрӯзу дирӯзи миллатро намоиш медиҳад.
Дар шумули санаҳои дурахшони таърихӣ – таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён дар даврони ташаккули давлатдории миллӣ ва бунёди истиқлоли давлатӣ як зуҳуроти созанда буд, ки барои тоҷикон дар ҷаҳоншиносӣ ва шинохти моҳияту рисолати давлатдории миллӣ намунаи олии ибратро аз таърихи гузаштаашон таҷассум намуд.
Бузургдошти забон ва фарҳангу таърих, ки боризтарин фазилати давлатдории Сомониён ва мазҳари ҳама корномаҳои эшон буд, аз оғоз дар тафаккури сиёсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосса дошт ва ҷанбаи назариву амалии он давра ба давра мавриди татбиқ қарор гирифт.
Бино ба ақидаи коршиносон, таҷрибаи кишварҳои дунё собитгари он аст, ки бештари давлатҳо тавассути фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ худро ба оламиён шинос кардаанд. Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” ва барои рушди робитаҳои фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ шаҳри Душанбе расман “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” эълон гардид.
Боиси ифтихор аст, ки 815-солагии фарзанди баруманди тоҷику форс, шоир ва мутафаккири маъруф Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2024) ва 700-солагии шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ (соли 2025) дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардиданд. Гузашта аз ин, ахиран ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим (июли соли 2025) ва зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардидани қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” (ноябри соли 2025) бозгӯи возеҳи эътирофи таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки бузургонро бузургон зиндаву поянда медоранд. Додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба аллома Бобоҷон Ғафуров, нашри чандинкаратаи китобашон — “Тоҷикон” аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътирофи ин фарзанди баруманди Ватан ва гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мебошад.
Аз тозатарин иқдомоти барҷастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ мебошад. Чунончи, 19 майи соли 2026 Президенти Тоҷикистон шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи мондагори фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Тавре дар матбуот шарҳ дода шуд, ин иқдоми наҷибона ҳамчун “идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони баруманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст”.
Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа низ беш аз пеш афзоиш ёфта, фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ муайян гардидааст. Барои мисол, соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш дар маҷмуъ 13 миллион сомонӣ ҷудо гардида, соли 2025 дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои маблағгузории ин соҳа 1 милиарду 718,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Ҳамин сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат аст, ки давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими садҳо иншооти фарҳангӣ амалӣ шуда, бузургтарин чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри дилорои Душанбе баргузор шуданд. Дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин иншоотҳои ифодакунандаи фарҳангу санъати волои меъмории тоҷик, аз қабили Маҷмааи давлатии «Парчами миллӣ», «Нишони миллӣ», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз», Кохи Ваҳдат, Наврӯзгоҳ, Театри миллӣ ва ғайра бунёд гардиданд, ки ба симои кишвари азизамон ҳусну таровати ҷолиб бахшиданд.
Бо иштироки Президентҳои Тоҷикистону Фаронса 13-14 ноябри соли 2021 бори аввал баргузор шудани Намоишгоҳи нигораҳои таърихии комилан ба Тоҷикистон бахшидашуда (бо намоиши 211 нигораи таърихии кишвари бостонии мо) дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж зери унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ва инчунин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО рӯйдодҳои нодире дар арсаи Аврупо ва умуман ҷаҳон буда, ҷиҳати ҷашн гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолияти кишвари ҷавони мо бо таърихи чандинҳазорсолааш дар Фаронса фурсати муносибе фароҳам овард.
Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Парлумони ҷумҳурӣ дар соли 2025 иқдоми волои навбатӣ нишон дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз тадбир андешанд. Бешубҳа, татбиқи ин иқдоми Пешвои миллати мо ба таҳкиму тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи тоҷикон ва форсизабонону ориётаборони олам нақши мондагор хоҳад гузошт. Пешниҳоди навбатии Президенти кишвар доир ба эълон намудани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Тоҷикистони маҳбуби мо аз иқдомҳои камназири Роҳбари давлат мебошад.
Дар асл ҳам, агар ба амалиёти фарогири давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат арзёбӣ шуда, тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд. Тавре аз Паёми Президенти Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2025 бармеояд, агар ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад. Президенти Тоҷикистон ҳамзамон таъкид доштаанд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин бахшҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намудаанд. Зеро ба ақидаи Сарвари давлат, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи пурсаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Аз ин зовия, Ҳукумати кишвар маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Диққати хосса аз ҷониби Пешвои муаззами миллат на танҳо ба бахшҳои илму маорифи соҳаи иҷтимоӣ, балки тандурустӣ низ равона гардида, пешравиҳо дар ин самт аз таҳкими мустақилият ва пойдории давлату миллат дарак медиҳад. Мебояд ба далелу мулоҳизарониҳои Президенти мамлакат доир ба ин самт низ рӯ оварем. Ҳамин тариқ, дар даҳ соли охир (ба ҳолати охири соли 2025) дар кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуд. Яъне, буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин радиф, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд. Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Ин иқдомот ҳам ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми стратегии бахши тандурустӣ ва дорусозӣ нигаронида шудааст.
Ибтикороти созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт низ аз диди нек ва дастгирию ҳавасмандгардонии кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб шаҳодат медиҳад. Ҳамин буд, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд. Фармони мазкур масъалаҳои таъсис, таҳияву тасдиқи низомномаҳо ва фонди ҷоизаро дар бар мегирад. Ин ташаббуси навбатии Президенти кишвар иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Бояд бахусус қайд намуд, ки дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Таҳқиқоти илмӣ ва назарияву пешниҳодҳои амалии шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино то ба имрӯз аҳаммияти илмӣ ва амалии хешро на танҳо нигоҳ доштаанд, балки барои рушди солимии ҷомеаи ҷаҳон, махсусан дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, ки солҳои охир аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, мусоидат карда, тавассути усулҳои ҳозиразамон тасдиқ гардидаанд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии мазкур иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузурдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.
Дастгирии соҳаи тиб, тандурустӣ, илму маориф, дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва умуман тамоми самтҳои мавҷудаи фаъолияти ҷомеаи тоҷик аз иқдомоти мунтазами Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад, ки ба мустаҳкамшавии таҳкурсии давлат, мустақилияту соҳибихтиёрии он, руҳбаландии мардум ва пешрафти ҷамъияти босаодат равона шудааст. Дар чунин руҳия аст, ки Президенти Тоҷикистон пайваста ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хос ва ғамхорӣ зоҳир намуда, бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани некӯаҳволии мардум зиёд кардани маоши вазифавӣ ва музди меҳнати категорияҳои зеринро аз 1-уми сентябри соли 2026 супориш додаанд: кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз; кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз.
Омили муҳими рушди босуботи давлату миллати тоҷик ин ваҳдату ягонагӣ ва садоқати мардум ба Роҳбарияти олии кишвар буда, давоми 35 соли Истиқлолият он ба идеяи таърихсоз табдил ёфтааст. Президенти Тоҷикистон зимни яке аз мулоқотҳояш бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин дар мулоқоти пурмуҳтаво бо аҳли илм ва маорифи кишвар хеле таъсирбахш бо чунин мазмун оид ба ҷавҳару моҳияти ваҳдати миллӣ ақидаҳояшонро шарҳ доданд: “Мо барномаи яроқи ҳастаӣ ва яроқи ҳастаӣ ҳам надорем. Яроқи ҳастаии мову шумо дар ваҳдати миллӣ аст, дар сарҷамъии миллат аст!”. Дар ин руҳия, Пешвои миллат тариқи эҳёву таҳкими ваҳдати миллӣ муҷиби неруи созандаи халқи далер ва шарафманди тоҷик гардида, ин қувваи пурзӯр дар пешорӯи ҳамаи мушкилу тазодҳои даврони муосир чун сипари шикастнопазир ва маҳаки шукуфоиву ободкориҳо барои нигаҳдории истиқлолу озодӣ хизмат мекунад.
Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо дар соҳаи иҷтимоӣ ва дар самти таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бидуни сиёсати ботавозуни рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва талошҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ва кумаки шарикони байналмилалии Тоҷикистон зери пешвоии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайриимкон мебуд.
Бино ба иттилои расмӣ, соли 2025, новобаста аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, барои мардуми Тоҷикистон соли пурбарор маҳсуб ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Бахусус, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд. Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст. Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад.
Гузашта аз ин, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2025 яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсии соли 2025 ба шумор меравад. Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи миёни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ рӯйдоди дигари таърихӣ буд. Ҳамчунин, 31 марти соли 2025 сарони се давлати ҳамсоя – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуш пазируфта шуд. Ҳамин буд, ки 25 майи соли 2026 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, инчунин дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″, қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ (UPEACE) сарфароз гардонида шуданд.
Танҳо дар соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар доираи сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ” ва “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, инчунин қатънома дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” гувоҳи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон дар самти пешбурди масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонист.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, инчунин амнияти иттилоотӣ ва пешрафти илмӣ-техникӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд. Ин қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи боризи миллӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит мекунад, тасдиқ менамояд.
Дар қатъномаи Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ” аз ҳамаи кишварҳои узв ва шарикони рушд даъват карда шуд, ки талошҳоро барои ҳифзи фаврии пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва устуворӣ ва сафарбар кардани захираҳои молиявӣ тақвият диҳанд. Ба ғайр аз ин, дар қатънома баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор шуд, расман истиқбол карда шуда, Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо ва Муроҷиати Душанбе барои амалиёти пиряхҳо қайд гардид.
Дар соли ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ (24 апрели соли 2026) дар доираи иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қабул шудани қатъномаи «Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи пайвастагии нақлиётӣ ва логистика барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором”-ро, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид, фоли нек маънидод кардан мумкин аст. Санади мазкур қадами муҳим дар самти рушди низомҳои устувор, фарогир ва ҳамгирошудаи нақлиётӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Он чолишҳои муосири соҳаро инъикос намуда, ба барномаҳои калидии байналмилалӣ, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва инчунин Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ (2026–2035) мувофиқат мекунад. Ҳамзамон муқаррароти он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва байниминтақавӣ, инчунин баланд бардоштани устувории занҷираҳои логистикӣ мусоидат хоҳад кард.
Маҳз бо офаридани чунин шароиту замина ва омилҳои тақдирсоз, ки мо онро дар матлаби мазкур бо далелу мадракҳо овардем, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо заҳматҳои шабонарӯзӣ Истиқлолияти давлатиро на танҳо нигаҳ доранд, балки онро таҳкиму тақвият бахшанд. Суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, амну осоиши кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, таълиму тарбияи насли ояндадор, саводу ахлоқи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, шарокати муваффақонаи байналмилалӣ, ҳамгироии минтақавӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва бисёри дигар дастовардҳое ҳастанд, ки бо номи нек ва хизматҳои шоёни Президенти мо робитаи мустақим доранд. Бигзор ин мероси гаронбаҳое, ки ба наслҳои оянда Пешвои мо боқӣ мегузоранд, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва зиёда гардад. Дар ин ҷода дастгирии беш аз пеши миллати пуршарафи тоҷик аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини бақои давлату миллат такягоҳи мустаҳкам хоҳад буд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, профессори Донишкадаи инноватсионии Душанбе