Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Музаффар Ҳусейнзода дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт (IHE Delft Institute for Water Education) дар мавзуи «Ташаббусҳои ҷаҳонии обии Тоҷикистон» маъруза кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд хабар доданд, Музаффар Ҳусейнзода доир ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, нақши кишвар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор маълумот пешниҳод кард.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорон ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши хатари офатҳои табиӣ ва аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об ҷалб карда шуд.
Дар доираи боздид Сафир бо ректори Донишкадаи IHE Delft, профессор Грэм Ҷуитт мулоқот намуд. Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла дар самтҳои омӯзиш ва омодасозии мутахассисон, таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба имконияти тавсеаи ҳамкории илмӣ ва амалӣ дар доираи ташаббусҳои байналмилалии обии Тоҷикистон табодули назар намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд