Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

ҲИСОР, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Лангар, Ноҷии Боло, Себистон ва Нилуи ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Мирзо Ризо, Навобод ва Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд. Дар айни замон сохтмони ин биноҳо идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Бо бунёд гардидани биноҳои иловагӣ дар назди чор муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 3000 хонанда ҷойи нишаст муҳайё гардида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар ин деҳаҳои дурдаст пурра бартараф мегардад. Инчунин насли наврас имкон пайдо мекунад, ки дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.

Бунёди муассисаҳои таълимии нав дар ҷамоатҳои деҳот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тарбия заминаи мусоид мегузорад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар шаҳри Ҳисор 24 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва 3 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Ҳисор инчунин 4 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар айни замон дар шаҳр сохтмони 27 бинои иловагӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва 2 муассисаи навтаъсис идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Источник: АМИТ "Ховар"