Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ сеюмин бозии дӯстонаашро баргузор мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ сеюмин бозии дӯстонаашро баргузор мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Чин хоҳад буд, ки дар рейтинги кунунии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ дастаҳо қаблан панҷ маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Дар се бозӣ пирӯзӣ насиби дастаи мунтахаби Чин шуда, ду дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтаанд.
Охирин вохӯрии дастаҳо дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон