Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брести  Беларус ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брести  Беларус ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иштирокдорони ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳод, самтҳои такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва густариши ҳамкории байниидоравиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҷрибаи амалии давлатҳои худ табодули назар намуданд.

Иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба имзо расонидани санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории вохӯриҳои дуҷониба бо роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ба таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, рушди робитаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳамкории гумрукӣ мусоидат менамояд.

Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз механизмҳои муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзо буда, дар доираи он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории гумрукӣ, табодули таҷриба ва иттилоот, такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук баррасӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"