«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоиши байналмилалӣ 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ин ёдгориҳо бозгӯйи таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддунии халқи тоҷик буда, барои муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос доранд.

Баргузории чунин намоишҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, густариши ҳамкории осорхонавӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷ ум ҳ урии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"