ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад. Дар робита ба баланд бардоштани
ДУШАНБЕ, 05.10.202 6 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад. Дар робита ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд соҳибзабонон ин лафзи шакарафшонро ҳамеша пос дошта, тоза нигоҳ доранд. Дар рӯзи ҷашни забон чанде аз суханҳои Пешвои миллатро пешниҳоди хонандаагон мегардонем.
–Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем.
***
Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
***
Миллати шарафманду бостонии тоҷик илму фарҳанг, таъриху адабиёт ва ҳаёти маънавии худ, яъне расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои рангоранги хешро бо ҳамин забони пурғановат офарида, аз насл ба насл ба мерос гузоштааст.
***
Тоҷикон дар байни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.
***
Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад.
***
Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд.
***
Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати давоми ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
***
Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, барои ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.
***
Забони тоҷикӣ бо назардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.
***
Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсил эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Ватан ва ифтихори милливу ватандӯстӣ шуморида мешавад.
***
Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле хуб ва умедворкунанда мебошад.
***
Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.
***
Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.
***
Забони тоҷикӣ давоми асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому неру мебахшад.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»