Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин Созишнома 7 ноябр дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расонида шуд.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таҳкими низомҳои тандурустии давлатҳо, тавсеаи ҳамкории дарозмуддат ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ равона гардидааст. Лоиҳаи ин санад дар заминаи принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ омода гардидааст.

Бо назардошти рушди муносибатҳои ду давлат ва мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои пешгирии бемориҳо, кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, рақамикунонии соҳа ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон ба имзо расонидани Созишномаи мазкур ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ба имзо расонидани Созишнома имкон медиҳад, ки муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ заминаи ҳуқуқӣ ба даст оранд.

Созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои давлатҳо аҳамияти стратегӣ доранд, зеро онҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини амнияти эпидемиологӣ ва табодули таҷрибаву технологияҳои муосир мусоидат мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"