Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд

АМИТ "Ховар" · · g1796236

Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Дар доираи саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» мулоқоти муовини якуми Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Худоёр Худоёрзода бо Директори генералии ширкати «Huawei» оид ба масъалаҳои технологӣ Янг Жиуан баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти технологияҳои муосири рақамӣ, татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва истифодаи самараноки имконияти технологии ширкати «Huawei»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот доир ба роҳҳои истифодаи технологияҳои пешрафтаи рақамӣ барои такмили равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, инчунин истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ ва агентҳои зеҳни сунъӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Таъкид гардид, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми молиявию бонкии ҷаҳон табдил ёфтааст. Технологияҳои мазкур барои автоматикунонии равандҳои корӣ, такмили хизматрасонӣ ба мизоҷон, таҳлили маълумот, баланд бардоштани сатҳи идоракунӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти муассисаҳои молиявӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд.

Дар ин замина «Амонатбонк» дар доираи стратегияи рушди худ ба раванди рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳалли инноватсионӣ ва истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳо дар самти татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва ҳалли инноватсионӣ ибрози омодагӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имконияти технологӣ метавонад барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон заминаи мусоид фароҳам оварад.

АКС: «Амонатбонк»

Источник: АМИТ "Ховар"