26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Ба ин муносибат имрӯз паёми
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Ба ин муносибат имрӯз паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ирсол гардидааст.
Дар ин паёми табрикотӣ иброз шудааст, ки «Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагии халқ ва мақоми олии қонунгузор дар ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат, ифодаи манфиатҳои ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд».
«Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳиму рахшон ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ низоми дупалатагии парламентӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти устувору пурсамар дорад», — изҳор гардидааст дар паём.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки Маҷлиси Олӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташаккул дода, пояи устувори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барқарор созад. Парламенти мамлакат бо такя ба таҷрибаву роҳҳои таърихии қонунгузории миллӣ ва бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи имрӯза қонунҳои муҳим ва муосир қабул менамояд, ки дар раванди таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ доранд.
«Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми намоён мегузоранд. Густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва муаррифии ташаббусҳои кишвар мусоидат мекунад»,-изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Фаъолияти мақоми қонунгузор дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти давлат равона шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»