Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Маҷлиси намояндагон дар асоси нақшаи кории Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ

ДУШАНБЕ, 3 1 .10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Маҷлиси намояндагон дар асоси нақшаи кории Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид . Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳлили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ, вазъи иқтисодӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баррасии ҷанбаҳои илмию амалии истифодаи энергияи сабз, муайян намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат барои ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Иброз гардид, ки дар рушди энергетикаи умумӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ мақоми махсус дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2037 ба мамлакати сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 дар мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» қабул гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"