Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид, таваҷҷуҳи асосӣ ба  иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони  давлатҳо ва дар ҳамин замина ба истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Федератсияи Русия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб рафта, рушди ҳамкории ду давлат дар асоси заминаи устувори ҳуқуқию  танзимкунанда ва  иродаи сиёсию  таваҷҷуҳи доимии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир  Путин  таъмин карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2025 ҳаҷми савдо миёни кишварҳо ба сатҳи баландтарин — 2,47 миллиард доллар расида, содироти маҳсулот ба Федератсияи Русия 2,5 дарсад афзудааст.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши  ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат мисоли равшани рушди робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, дар самти таҳкими боз ҳам бештари  робитаҳо зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо таъмини иҷрои супориш ва мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомадаро зарур арзёбӣ намуданд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ   муҳим арзёбӣ гардида ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди  ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Русия диққат махсус медиҳад ва  имзои ҳар як санади нави ҳамкорӣ заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои байниҳукуматиро таҳкими бештар мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"