Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Маркази парламентии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати раиси Шуро баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода, муовини Раиси кумита оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода ва муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода иштирок намуданд.

Ба рӯзномаи ҷаласа 13 лоиҳаи тавсияҳо оид ба мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самти танзими масъалаҳои амният ворид карда шуданд.

Лоиҳаҳо, аз ҷумла, масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, такмили низоми идоракунӣ ва танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, таҳкими амнияти байналмилалӣ, ташаккули равишҳои ягонаи ҳуқуқӣ, истифодаи мафҳуму истилоҳоти асосии ҳамоҳангшуда, инчунин таҳияи муносибатҳои умумӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди низомҳои таъмини амнияти кибериро фаро гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқии муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар самти таъмини амнияти дастаҷамъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, густариши истифодаи зеҳни сунъӣ ва афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ, таҳияи равишҳои ҳамоҳангшудаи ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии қонунгузории давлатҳои аъзо барои баланд бардоштани самаранокии механизмҳои таъмини амният ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар рафти баррасии лоиҳаҳои тавсияҳо ва натиҷагирӣ аз корҳои анҷомёфта оид ба дигар лоиҳаҳои санадҳои тавсиявӣ, аъзои Шуро бо дарназардошти тағйиру иловаҳо, пешниҳодҳо ва эродҳои иброзгардидаи аъзои Шурои коршиносию машваратии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ лоиҳаҳои пешниҳодшударо якдилона тасдиқ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"