ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
***
6 ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Конфедератсияи Швейтсария вохӯрӣ намуданд.
***
6 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср сафар намуданд. Дар доираи сафар Сарвари давлат бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер, бо роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдӣ ва бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
6 НОЯБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор шуд.
***
6 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
***
6 ноябри соли 2021 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи Суруш» Форуми соҳибкории G5 таҳти унвони «Таърихи муваффақияти соҳибкорони ватанӣ» бо иштироки зиёда аз 700 соҳибкори ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1946 дар Британияи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шуд.
***
Соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор намуд.
***
Соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро вирус пахш намуд.
***
Соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуданд.
***
Соли 1869 дар Ню-Ҷерсии Амрико аввалин мусобиқаи футболи амрикоиҳо баргузор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Низорамо Зарифова — соли 1923 —ходими давлатӣ ва сиёсӣ.