«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷаҳони рассом»-таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассоми тоҷик Дӯст Азизов ифтитоҳ гардид, ки дар он 50 асари рассом ба маърази тамошо гузошта

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . «Ҷаҳони рассом»-таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассоми тоҷик Дӯст Азизов ифтитоҳ гардид, ки дар он 50 асари рассом ба маърази тамошо гузошта шудааст.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ, рушди санъати тасвирии тоҷик, муаррифии дастовардҳои эҷодии рассомони муосир ва таҳкими анъанаҳои мактаби миллии рассомӣ ташкил карда шуд.

Экспозитсияи «Ҷаҳони рассом» фарогири маҷмуи асарҳоест, ки дар онҳо хусусияти хоси ҷаҳонбинии эҷодкор, муносибати ӯ ба муҳити атроф, инсон ва табиат инъикос ёфтаанд. Дар намоиш 50 асари рассом аз коллексияи шахсияш ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз ҷиҳати мавзуъ ва жанр гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи фаъолияти эҷодии рассомро фаро мегиранд. Дар байни асарҳои пешниҳодшуда намунаҳои чеҳранигорӣ, натюрморт ва манзаранигорӣ ҷойгоҳи хос доранд.

Асарҳои Дӯст Азизов бо сабки хоси эҷодӣ, истифодаи моҳиронаи имконияти ранг, ҳамоҳангии унсурҳои тасвирӣ ва муносибати хоси муаллиф ба образи инсон ва табиат фарқ мекунанд. Дар чеҳранигориҳои рассом таваҷҷуҳи хос ба ифодаи ҳолати равонӣ ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонон ба назар мерасад. Дар манзараҳо зебоии табиати Тоҷикистон, таъсири рӯшноӣ ва ранг, инчунин фазои хоси муҳити тасвиршуда мавқеи муҳим доранд. Натюрмортҳои рассом низ бо таркиби мутавозин, муносибати дақиқ ба шаклу ранг ва инъикоси зебоии ашёи рӯзмарра фарқ менамоянд.

Фаъолияти эҷодии Дӯст Азизов аз соли 1985 оғоз гардида, аз соли 1989 ӯ дар намоишҳои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд. Давоми фаъолияти бисёрсолаи эҷодӣ асарҳои рассом дар якчанд муассисаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар Осорхонаи вилоятии Хатлон дар шаҳри Кӯлоб (соли 1991), Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе (солҳои 2015–2016), Осорхонаи давлатии шаҳри Кӯлоб (соли 2021) ва дар шаҳри Душанбе (соли 2023) баргузор гардиданд. Ташкили чунин намоишҳо барои муаррифии эҷодиёти рассом ва шиносоии доираи васеи тамошобинон бо осори ӯ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Осори Дӯст Азизов берун аз қаламрави Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати тасвирӣ қарор гирифта, имрӯз намунаҳои эҷодиёти ӯ дар коллексияҳои шахсӣ ва маҷмуаҳои санъатии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Амрико, Олмон ва Швейтсария, инчунин дар ганҷинаҳои миллӣ ва коллексияҳои фарҳангии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд.

Ҷанбаи дигари фаъолияти Дӯст Азизов фаъолияти омӯзгории ӯ буда, дар айни замон ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фаъолият мекунад. Бо ин амал дар таълиму тарбияи насли ҷавони рассомон ва рушди малакаҳои касбии онҳо саҳм мегузорад. Таҷрибаи бисёрсолаи эҷодӣ ва омӯзгории ӯ барои интиқоли анъанаҳои мактаби миллии рассомӣ ба насли нав аҳаммияти муҳим дорад.

Намоиши «Ҷаҳони рассом» аз нигоҳи фарҳангӣ ва маърифатӣ аҳаммияти хос дошта, имконият фароҳам меорад, ки тамошобинон бо паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти рассом, хусусияти сабки инфиродӣ ва ҷаҳонбинии бадеии ӯ шинос шаванд. Ҳамзамон чунин иқдом ба рушди завқи эстетикӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангии миллӣ ва густариши муҳити эҷодӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Баргузории намоиш бозгӯйи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди фарҳанг ва санъати миллӣ буда, барои муаррифии дастовардҳои эҷодии ҳунармандони тоҷик ва таҳкими ҷойгоҳи санъати тасвирӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Намоиши «Ҷаҳони рассом» то 1 ноябри соли 2026 идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"