ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.

***

26 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд.

***

26 октябри соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

26 октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ баъди таҷдиду навсозӣ Боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.

26 ОКТЯБР:

Рӯзи байналмилалии китобхонаи мактабӣ.

***

Дар Тоҷикистон-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ.

***

Дар Русия-Рӯзи автомобилистон.

***

Рӯзи пайдоиши футбол (1863).

***

Рӯзи миллии Озарбойҷон.

РӮЙДОДҲО :

26 октябри соли 1861 олими немис Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт ва минбаъд онро телефон номид.

***

26 октябри соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.

***

26 октябри соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.

***

26 октябри соли 1990 Шон Шеннони канадагӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

***

26 октябри соли 2011 Клуби футболи «Регар-ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.

***

26 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаи ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро «муҳандисони қалби инсонҳо» унвон кард.

***

Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хати метрополитен кушода шуд.

Источник: АМИТ "Ховар"