Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ “Ховар”/. 28 октябр ҷиҳати иштирок дар кори чорумин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омаданд.

Нимаи дуюми рӯз ҳайати меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Театри миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни боздид аз ин иншооти муосири фарҳангӣ меҳмонони олиқадр аз даромадгоҳ ва толорҳои муҳташами асосӣ, консертӣ ва конференсияҳои театр шинос шуда, аз тамошои нақшу нигор, ҷузъиёти ороиши миллӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ, ки бо назардошти фарҳанги миллӣ ва талаботи меъмории муосир дар сатҳи баланд иҷро шудаанд, таассуроти нек бардоштанд.

Источник: АМИТ "Ховар"