Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз мамнуъгоҳи биосферии

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз мамнуъгоҳи биосферии Ромит то Шабакаи ҷаҳонии ЮНЕСКО – ҳамкории байналмилалӣ дар ҳифзи табиат» конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс олимону муҳаққиқон, устодони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносони соҳаҳои экология, ҷуғрофия ва сайёҳӣ иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода оид ба аҳамияти дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО сухан намуд.

Гуфта шуд, ки 27 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ханчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, Резервати биосферии Ромит расман ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО пазируфта шуд. Ин рӯйдод аз эътирофи байналмилалии арзишҳои табиӣ ва иқтидори Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ шаҳодат медиҳад.

Дар идомаи конфронс олимону коршиносони соҳа оид ба масъалаҳои нақши Резервати биосферии Ромит дар рушди сайёҳии экологӣ, таҳқиқоти зоологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, вазъи гуногунии биологӣ, таърих ва аҳамияти таъсиси мамнуъгоҳи табиии Ромит, мониторинги экологӣ ва дурнамои рушди экосайёҳӣ сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, дар мавзуъҳои «Мавқеи Резервати биосферии Ромит дар рушди сайёҳии экологӣ дар кишвар», «Таҳқиқоти зоологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда: ҳолати кунунӣ ва дурнамо», «Маълумот дар бораи Резервати биосферии Ромит», «Таъсири ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда дар ташкил ва рушди экосайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таърих ва аҳамияти таъсиси мамнуъгоҳи табиии Ромит», «Мониторинги экологӣ ва вазъи ҳозираи гуногунии биологии набототи Резервати биосферии Ромит» ва «Шароити геоэкологӣ ва дурнамои рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудуди Резервати биосферии Ромит» маърузаҳои илмӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи конфронс масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу ҳифзи табиат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷом иштирокдорон экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла гӯшаи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро тамошо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"