Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 2 ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-и шаҳри Истаравшан ба 170 тарбиятгирандаи Мактаб- интернати шаҳри Истаравшан туҳфаҳои Пешвои миллат супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Зимни тақдими туҳфаҳо иброз гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардид. Ҷавонону наврасони ятим бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар меомӯзанд ва дар шукуфоии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд. Тарбиятгирандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён доштанд. Онҳо изҳори хушнудӣ намуданд, ки дар чунин давлати ободу зебо зиндагӣ дошта, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон