Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) таҳти унвони «Татбиқи муносибати ба хавф нигаронидашуда дар фаъолияти назоратӣ: моделҳои баҳодиҳии хавфҳои миллӣ (таҷрибаи давлатҳои аъзои ГАО)» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш табодули таҷрибаи пешқадам ва баррасии усулҳои татбиқи муносибати ба хавф нигаронида дар мониторинги фаъолияти муассисаҳои молиявӣ, провайдерҳои хизматрасонии дороиҳои маҷозӣ ва субъектҳои муайяншудаи ғайримолиявӣ бо назардошти хавфҳои миллӣ, соҳавӣ ва институтсионалӣ мебошад.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои татбиқи муносибати ба хавф нигаронида ва стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ), таҷрибаи амалӣ дар самти фаъолияти назоратӣ ва такмили низоми назорати бонкҳову ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин 17 ноябр ҳамоиш таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами инъикоси мавзуи амнияти молиявӣ дар минтақаи Авруосиё» ва Маҷлиси умумии иштирокдорони Ассотсиатсияи байналмилалии марказҳои таълимӣ-методии давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм такмили низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро баррасӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"