Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар доираи сафар баргузории мулоқотҳои дуҷониба ва музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Дар доираи сафар баргузории мулоқотҳои дуҷониба ва музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардида, дар он ҳамраисони Комиссия ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду давлат иштирок менамоянд.

Дар доираи барномаи сафар маросими баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ ва ҷаласаҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"